ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
21
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3503
mod_vvisit_counterДирӯз5404
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3503
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3158999

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Таъмини амнияти озуқворӣ ва ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифат тақвияти ҳамкории мақомоти марбутаро тақозо менамояд.

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

«Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар мавзӯи «Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва пешгирии воридоти дорувории пастсифат» бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, мизи мудаввар баргузор гардид.

 


Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифат ба кишвар, яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ин аст, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат махсус таъкид гардида буд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои мукаммал намудани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати бойторӣ, тағйироти сохтории заруриро амалӣ намояд.

Дар ин росто, дар ҷумҳурӣ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки самти фаъолияташ ба таъмини амнияти озуқавории кишвар нигаронида шудааст.

Иштирокдорони нишаст зимни баррасии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук дар пешгирии воридоти молҳои пастсифат, маводи озуқаворӣ, инчунин, ҷилавгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ва қалбакӣ зикр намуданд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 66 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукӣ, танҳо баъди анҷоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, фармасевтӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорати давлатӣ ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурат мегирад.

Таъкид шуд, ки дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук як ҳолати воридоти дорувории пастсифат ба миқдори беш аз 52 ҳазор дона (конвалюта) ва як ҳолати воридоти тухми пастсифати мурғ ба миқдори 185 ҳазор дона ошкор карда шудааст. Зикр гардид, ки воридоти ғайриқонунии маводи озуқа ва дигар молҳои пастсифату қалбакӣ, инчунин, муҳлати истифодаашон гузашта аз хориҷа ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Гуфта шуд, ки мақомоти гумрук ба ҳайси сохтори таъминкунандаи амнияти иқтисодии кишвар барои пешгирии роҳи баъзе қонушиканиҳое, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ амалӣ карда мешаванд, ба ҳамкории муштараки самарабахши мақомоти марбутаи кишвар, эҳтиёҷ дорад, зеро ки танҳо дар якҷоягӣ метавон натиҷаи самарабахшро ноил шуд.

 

 

Мувофиқи нишондиҳандаҳои омори гумрукӣ дар давоми солҳои 2015-2018 дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 960 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар иртибот ба он 214 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз ин 21 ҳолат ба гардиши маводи мухаддир, 113 ҳолат ба ҷиноятҳои қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва 80 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ алоқаманд мебошанд. Дар ин радиф, зикр шуд, ки бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирию ошкор намудани воридоти ғайриқонунии молҳои пастсифату қалбакӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат, Хадамоти гумрук дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура, амният, андоз ва «Тоҷикстандарт» нақшаҳои кории муштаракро тартиб додааст, ки натиҷаҳои чашмрас ба бор овардааст. Аз ин рӯ, дар нишаст роҳҳои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди сохторҳои салоҳиятдори мамлакат дар самти ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифату қалбакӣ, хусусан, маҳсулоти ғизоӣ ва доруворӣ матраҳ гардид.

 

 

Маврид ба зикр аст, ки таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти хушсифати озуқа ва доруворӣ, ки омили асосии солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бемориҳои гуногун ва ҳифзи генофонди миллат аз хатарҳои замони муосир аст, яке аз масъалаҳои муҳим дар қарни 21 маҳсуб меёбад. Бархе аз соҳибкорону тоҷирон бо мақсади ба даст овардани фоида ва дар ҷои аввал гузоштани манфиатҳои шахсии худ, бо роҳу усулҳои гуногун, дар баъзе ҳолатҳо маҳсулоти пастсифату қалбакиро вориди бозори истеъмолии мамлакат менамоянд, ки ба саломатии мардум зарароваранд.

Иштирокчиён иброз намуданд, ки мавзӯи имрӯза таҳлили амиқу ҳаматарафаро талаб менамояд ва дуруст аст, ки дар доираи як мизи мудаввар ҳамаи масъалаҳоро матраҳ кардан имконпазир нест. Қайд карда шуд, ки дар ҳар сурат, пушти як мизи мудаввар ҷамъ омадани намояндагони ниҳодҳои марбута, қобили дастгирӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои ба миён гузошташуда, пешравие ҳоҳад буд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН