ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
21
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3503
mod_vvisit_counterДирӯз5404
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3503
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3158999

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат-ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

25 апрели соли 2018 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат–ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид.

Дар конфронси мазкур, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло, муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, инчунин, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор устодон ва олимони макотиби олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

 

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини Сардори Хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло оғоз намуда, иброз дошт, ки сокинони кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагиро ба хотири пешрафти кишвари азизамон вусъат мебахшанд.

Ин ҳама, нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстии мардум, баракати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Воқеан, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бесабаб нест, зеро Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дорои беҳтарин шароит барои рушду равнақи соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки ба ин васила метавон иқтисодиёти кишварро рушд бахшид.

Ватани маҳбубамон барои рушди сайёҳӣ дорои имкониятҳои бузург аст, ки дар минтақа назир надоранд. Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор ва кашфношуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, дар як фасл тамошо намудани манзараҳои чор фасли сол, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш, ҷолиби диққат мебошад.

Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло дар баромади худ қайд намуд, ки имтиёзҳои андозию гумрукие, ки Пешвои миллат дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ санаи 22 декабри соли 2017 пешниҳод намуданд, таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори соҳа зиёд мегардонад.

 

 

Аз ҷумла:

- дар тӯли панҷ соли аввали фаъолияташон аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ;
- аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ;
- ба андозаи 50% коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав;
-низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 давлати хориҷӣ аз муҳимтарин тадбирҳоеанд, ки барои рушди бемайлони соҳа замина мегузоранд.
Қобили қайд аст, ки масъалаи ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд. Дар ин раванд ҷиҳати вусъат бахшидани соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бояд тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои олии ҷумҳурӣ саҳми сазовор дошта бошанд.

 

 

Дар рафти конфронс доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ олимону муттахассисони соҳа маърӯза намуда, андешаҳои худро барои рушди ин соҳа иброз доштанд.

Дар маҷмӯъ қайд гардид, ки ҳама дар якҷоягӣ аз иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, вобаста ба имкониятҳои воқеӣ, дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми босазо дошта бошем.

 

 

Дар ҷамъбасти ҷамъомад Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони гумрук, полковники хадамоти гумрук Сабзаалӣ Шарифзода иброз дошт, ки бо дасгтирии бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ба монанди маҷмааи лижаронию сайёҳӣ “Сафед-дара”, истироҳатгоҳҳои “Пули сангин”, “Баҳористон”, маҷмааи “СПА Ҳаёт”, меҳмонхонаҳои панҷситорадори ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, як қатор инфрасохтори соҳа таҷдид карда шуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми ташриф ва гусел, меҳмонон аввал бо кормандони қӯшунҳои наздисарҳадӣ ва мақомоти гумрук рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ месазад, ки мо гумрукчиён дар муносибат бо меҳмонони хориҷӣ ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем. Зеро, гумрукро дарвозаи шаҳр мегӯянд ва рушди соҳаи сайёҳӣ аз муомилаи хуб ва меҳмоннавозонаи мо гумрукчиён низ, вобастагии бевосита дорад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН