ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
23
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2773
mod_vvisit_counterДирӯз7393
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта50532
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3744050

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура санаи 13-уми марти соли 2018 баён гардид

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти гумрук ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук бо шахсони масъули мақомоти прокуратура доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук, мушовири адлияи дараҷаи як Юсуфӣ Музаффар Қурбон, ёрдамчии калони Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Раҳимҷон ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

 

 

Ҷаласаро Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо фармоиши Сардори Хадамоти гумрук аз 30 марти соли 2018, №58 Нақшаи чорабиниҳо дохилиидоравӣ ба тасвиб расида, дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура санаи 13-уми марти соли 2018 баён доштанд, дар тамоми воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Қайд гардид, ки иҷрои муқаррароти фармоиши мазкур, дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шудааст.

Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои кормандони мақомоти гумрук дастури амиқ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта буда, барои пешрафти фаъолияти мақомоти гумрук мусоидат менамояд.

 

 

Сипас, дар назди ҳозирин муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майори адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим маърӯза кард.

Номбурда иброз дошт, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура барои ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳатмӣ мебошад.

Дар рафти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони прокуратура вазъи иҷроиши вазифаҳо дар доираи қонун, тартиботи ҳукуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар мамлакат ҳамаҷониба арзёбӣ гардида, вазифаҳои прокуратура ва дигар мақомоти давлатӣ дар марҳилаи кунунии рушди кишвар муайян карда шуданд.

Дар баромади худ Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки: - “Дар даврони истиқлолият тавассути ислоҳоти амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ заминаҳои мустаҳками давлатдории муосири миллиамон фароҳам оварда шудааст. Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ буда, фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст”.

Дар давоми даҳ соли охир аз рӯи натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда зиёда аз 243 ҳазор санади эътиноии прокурорӣ татбиқ гардида, барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо 234 ҳазор нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 19 440 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки қариб сеюним ҳазори онро ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳанд.

Бо эътирози прокурорҳо дар ин давра, 129 ҳазор санади ғайриқонунӣ бекор гардида, тайи даҳ соли охир ба буҷети мамлакат маблағи зиёда аз се миллиард сомонӣ зарари моддӣ барқарор карда шудааст.

Дар баробари ин, Роҳбари давлат таваҷҷуҳи прокуратура ва дигар мақомоти давлатиро ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, бахусус пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо ҷалб намуданд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ бори дигар таъкид намуданд, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дода шавад.

Таъкид гардид, ки ба анҷом расидани задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди давлатҳои Ироқ ва Сурия маънии пурра барҳам хӯрдани ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар созмонҳои террористиро надорад ва набояд боиси хотирҷамъиву ғафлати сохтору мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ бошад.

Аз ин хотир Прокуратураи генералӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки бо мақсади фаҳмондадиҳии мақсаду моҳияти муқаррароти зикршуда, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷамъомад доир ба фаъолият шурӯъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибрози назар карда шуд.

Таъкид гардид, ки байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва кишвари мо молу маҳсулот интиқол дода мешавад. Вобаста ба ин, дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ кормандони гумрук дар ҳамкорӣ бо сарҳадчиён ва дигар ниҳодҳои назоратӣ ҳангоми қабулу гусели меҳмонони кишвар дар сатҳи баланди касбӣ бо нишон додани одоб ва фарҳанги меҳмондории тоҷикӣ ташрифи онҳоро дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва қонунҳои ҷорӣ ташкилу таъмин намоянд.

 

 

Дар интиҳо, Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон қайд намуд, ки кормандони мақомоти гумрук баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммашон гузошташуда, инчунин, тибқи муқаррароти Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуруру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура санаи 13-уми марти соли 2018 баён доштанд, дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи муқаддаси худ шуморида, барои риояи қатъии қонуният ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН