ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4472
mod_vvisit_counterДирӯз5643
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта21213
mod_vvisit_counterДар ин моҳ81404
mod_vvisit_counterҲамарӯза3368235

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Вохӯрӣ дар Хадамоти гумрук бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 3 майи соли 2018, дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии роҳбарияти гумрук ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук бо муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудаанд.

 

 

Қайд гардид, ки чорабинии мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти гумрук бо иштироки муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло, гузаронида мешавад.

Сипас, дар назди ҳозирин муовини якуми Кумитаи мазкур, Амирбекзода Ҳабибулло маърӯза кард.

 

 

Номбурда иброз дошт, ки Тоҷикистон кишвари маҳбуб ва ҷолиби диққати дустдорони сайу сайёҳони ҷаҳониён гашта, дар замони истиқлолият дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятҳоро барои сайёҳӣ соҳиб гашт ва мувофиқи иттилоӣ шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб намудааст. Аз ҷумла:

- маҷаллаи сайёҳии Бритониё «Вондер Ласт» («Wander Last») Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кардааст;

- нашрияи маъруфи Россия Нэшнл Географик («National Geographic») шоҳрои Помири Тоҷикистонро ба 10 рӯйи зеботарини дунё шомил намудааст;

- маҷаллаи Топ 100 кӯҳҳои Помиро ба рӯйхати мавзеҳои ҷолиб дохил намудааст;

- нашрияи Индепендент («The Independent») пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанберо ба ҳайати 10 гонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амнияти шабона эътироф намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре ҳаст, ки сайёҳии он дар муҳлати рушд қарор дорад. Тоҷикистон дар радабандии ташкилотҳои байналмилалӣ аз рӯйи микониятҳои сайёҳи саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба 10 гонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-ро ишғол кардааст. Депортаменти давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба масъалаҳои сайёҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои барои сайёҳат ва бехатар арзёби карда барои сафар барои шаҳрвандонаш тавсия додааст.

 

 

Дар ҳошияи намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии Берлин 2018 маросими супоридани ҷоизаи 100 самти беҳтарин пешоҳанги ҷаҳонӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардум ба соҳаи сайёҳи дар соли 2018 баргузор гардида ва минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин 100 гона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойи аввалро сазовор шуд.

Агентии «Тур Стат» – и Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 рӯйхати кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишвари барои сайёҳони Россия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2017 муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин «Топ 50» воирид гардид.

Бинобар аз натиҷаҳои назарпурси агентии таҳлилии «Топ Стар» - и Россия пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Яъне беҳтарин шаҳр дар айёми бахорӣ эътироф гардид.

 

 

Дар интиҳо, муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар барои иштирок ва маърузаи пурмӯҳтаво шахсан аз номи роҳбарияти Хадамоти гумрук ва ҳамчунин аз номи ҳайати шахсии Хадамот минатдоррӣ баён намуда, дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти кориашон барору сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН