ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
21
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3462
mod_vvisit_counterДирӯз5404
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3462
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3158958

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Маросими супоридани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 3 майи соли 2018, дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук мулоқоти дӯстонаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баргузор гардид.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур, намояндагони Ҳукумати Федератсияи Россия, роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимофеев Алексей Анатолевич ва муовини роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никулин Николай Николаевич, иштирок намуда, масъалаҳои равобити дуҷонибаи гумрукӣ, аз ҷумла, иҷрои қарорҳои қабулгардидаи Протоколи мулоқот миёни роҳбарони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Федератсияи Россия аз 23 сентябри соли 2015-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 

Дар чаҳорчӯбаи қарорҳои қабулшудаи Протоколи мазкур, бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук маросими тантанавии супоридани 4 адад воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

 

 

Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва роҳбарияти Намояндагии Хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам намуда, Хадамоти федералии гумрукии Федератсияи Россияро барои кӯмаки техникии пешниҳодшуда, ки ба фаъолияти мақомоти гумрук таъсири мусбӣ мерасонад, изҳори миннатдорӣ намуд.

Инчунин, Сардори Хадамоти гумрук қайд намуд, ки дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрукӣ дар заминаи Академияи гумрукии Россия барои таъмин намудани захираҳои кадрии Хадамоти гумрук ҳамкории самарабахш ба роҳ монда шуда, Кумитаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ барои баланд бардоштани имкониятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намунаи беҳтарини ҳамкорӣ дар соҳаи табодули иттилоот ва гузаронидани амалиёти махсуси гумрукӣ мебошад.

 

 

Дар соли 2017 ва дар семоҳаи аввали соли 2018 кормандони Хадамоти гумрук дар амалиёти «СМАРТ КЭТ 2», «Буревестник», «ПЕГАС», «ИРЭН2», «Internet Trade», «Офсайд», «Часовой-2017», «Гамма», «Лэзербэк», «Трасса», «Афина», «Фокс», «Космо2», «Гроза» ва «Голкипер» бо мақсади пешгирии вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, маҳсулоти тамоку, маводи сӯзишворӣ, маводи тарфгарӣ ва тарканда, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, доруворӣ, наботот ва ҳайвонот, воситаҳои пулӣ, ва ғайраҳо иштирок намуданд.

 

 

Сипас, дар назди ҳозирин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов суханронӣ намуд.

Номбурда иброз дошт, ки маросими супоридани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия ба Хадамоти гумрук шаҳодати дӯстӣ ва ҳамкории навбатии байни кишварҳо мебошад.

Ҷаноби Сафир иброз намуд, ки ҳамкориҳои анъанавӣ ва самарабахш миёни ду кишвари ба ҳам дӯст минбаъд низ, рушд хоҳад ёфт.

 

 

Дар интиҳо, Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон барои иштироки Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар маросими супоридани воситаҳои нақлиёт аз номи роҳбарияти Хадамоти гумрук ва аз номи ҳайати шахсии Хадамоти гумрук минатдоррӣ баён намуда, изҳор намуд, ки ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар оянда низ, идома хоҳад ёфт.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН