ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
21
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4600
mod_vvisit_counterДирӯз7010
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта11610
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3566094

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Густариши ҳамкориҳои гумрукии Тоҷикистону Ҳиндустон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Рӯзҳои 8-10 майи соли 2018 дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сардори Шӯрои марказии андозҳои ғайримустақим ва гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ванаҷа Н. Сарна баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубодилаи иттилоот, соддагардонии расмиёти гумрукӣ, табодули таҷриба ва таҳқиқу пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.

Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур, аз ҷониби Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва Сардори Шӯрои марказии андозҳои ғайримустақим ва гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ванаҷа Н. Сарна "Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ" санаи 8 майи соли 2018 ба имзо расонида шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи Созишномаи мазкур, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 2016, №521 маъқул гардида буд.

Созишнома ба рушди ҳамкориҳои гумрукӣ, бахсус, мубодилаи иттилоот оид ба истифодаи воситаҳои техникии назоратӣ, интиқоли транзити молу воситаҳои нақлиёт, гардиши тиҷорати дуҷониба, расонидани ёрии байниҳамдигарӣ, омӯзиш ва такмили малакаҳои кормандони гумрук, мусоидат менамояд.

Дар вохӯрӣ, инчунин, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ҷураев Даврон иштирок намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН