ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Июнь 2018
19
Вторник
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня2405
mod_vvisit_counterYesterday5627
mod_vvisit_counterВчера8032
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3332190

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Мубориза ба муқобили коррупсия вазифаи тамоми аҳли ҷомеа мебошад

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҷиҳати таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта заминаи устувор гузошта, дар самти муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи кори сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва таҳлили омори вазъи коррупсионии тамоми масъалаҳоро пешбинӣ намудааст, вохӯрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсия Маҷидӣ Абдукарим Асрориён ва нозири калони Раёсати мазкур Бойзод Хушбахт Раҳмдил бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вохӯриро муовини Сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазир бо ин падидаи номатлуб ва таъмини иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

 

 

Хадамоти гумрук дар баробари истифода аз дигар тадбирҳои зиддикоррупсионӣ, ташкили вохӯриву суҳбатҳоро бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия омили муҳими ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ шуморида, фаъолиятро дар ин самт таҳким бахшидааст.

Намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзӯи таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он дар назди ҳайати шахсӣ суханронӣ намуданд.

 

 

Сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсия Маҷидӣ Абдукарим Асрориён зимни маърӯзаи худ иброз намуд ки, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолиятро дар ин самт бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа, бахусус, кормандони гумрук ҷиддан бояд ба роҳ монда шавад.

 

 

Инчунин, зимни мулоқот зикр гардид, ки барои омӯзиши пурра ва таъмини иҷрои босамари талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин, пешгирӣ намудан аз кирдорҳои коррупсионӣ, дар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо мунтазам бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, баҳри пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Имрӯз инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, зуҳуроти буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳо, аз ҷумла коррупсия рӯ ба рӯ гардидааст. Мақсади асосии Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва решакан намудани он мебошад.

Вохӯриро Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон барои иштирокашон дар ин чорабинӣ аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук изҳори сипос намуд ва қайд намуд, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук дар оянда низ, бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ҳамкории судмандро ҷиҳати пешгирии содир шудани ҳолатҳои коррупсионӣ тақвият медиҳад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры