ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Августь 2018
18
Суббота
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня1336
mod_vvisit_counterYesterday7599
mod_vvisit_counterВчера34045
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3541546

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Такмили ихтисос дар Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумрукии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Тибқи маълумотҳои омории ҷаҳонӣ истифодаи сагҳои кинологии хизматӣ дар бисёр мавридҳо натиҷаи мусбӣ ба бор меоварад. Зеро, қочоқбарон бо “ихтироот”-и худ барои расидан ба мақсади зишташон аз ҳар гуна роҳу васила истифода бурда, бо ин гуна рафторашон ба ҳаёти осоиштаи мардум рахна мезананд.

Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки қочоқбарон маводи мухаддирро устокорона дар дохили меваҳои гуногун, ҷувздон, сару либос, инчунин дар бордони воситаҳои нақлиёт пинҳон менамуданд, вале ҳангоми бурдани назорати гумрукӣ аз нигоҳи дақиқназаронаи гумрукчиён- нозирони кинолог ин гуна “махфигоҳ”-ҳо ошкор ва аъмоли ҷинояткорона пешгирӣ карда мешуд.

Барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи кинологӣ аз тарафи роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ҷадид тарҳрезӣ гардида, нозирони- кинологҳо пайваста дониши тахассусии худро дар таълимгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он такмил медиҳанд.

 

 

 

 

Бо мақсади иҷрои банди 2.22 Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моҳи апрели соли 2018 даҳ нафар нозирон-кинологҳои Хадамоти гумрук дар Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумрукии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба курсҳои омӯзишӣ сафарбар карда шуданд.

Барномаи таълимии курсҳои омӯзиширо фаннҳои асосҳои кинология ва байторӣ, равоншиносӣ, усули истифодабарии сагҳои хизматӣ ҳангоми ҷустуҷӯ намудани маводҳои мухаддир ва тарканда, инчунин, яроқу аслиҳа ташкил намуд.

 

 

Дар рафти дарсҳои тахассусӣ, нозирон- кинологҳо бо сагҳои хизматӣ дар маҷмааи машқӣ, ки дорои шароитҳои мусоид ва замонавӣ мебошад, бо истифодаи амсила (макет)-ҳои таълимии воситаҳои нақлиёти сабукрав ва боркаш, қатора, ҳавопаймо, киштӣ ва ғайра, таҳти назорат ва роҳбарии бевоситаи мутахассисони пешқадами Маркази кинологии Кумитаи давлатии гумрукии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тарзи дарёфт намудани маводҳои мухаддир ва тарканда, инчунин, яроқу аслиҳаро аз худ карда, пас аз супоридани санҷишу имтиҳонҳо бо сертификати хатми курси таълимӣ сарфароз гардиданд.

 

 

Дар рафти омӯзиши дарсҳои тахассусӣ, нозирон-кинологҳои бахши кинологии Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук, Дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони Гумруки «Майдони ҳавоӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, Дидбонгоҳи назорати гумрукии «Пахтаобод»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Гумруки «Дустӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, Гумруки «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, Дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони Гумруки «Майдони ҳавоӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Дидбонгоҳи гумрукии «Тем» ва Дидбонгоҳи гумрукии «Рузвай»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо сагҳои хизматӣ иштирок намуданд, ки роҳбарии гуруҳро сардори шуъбаи Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, подполковники хадамоти гумрук Мамуров Дилшод ба уҳда дошт.

Пешгирӣ ва ошкор намудани гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук ба шумор рафта, иштирок дар чунин курсҳо дар раванди фаъолият ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳад овард.

 

 

Дар натиҷаи омӯзиш ва такмили ихтисос, ба нозирон-кинологҳо муяссар гардид, ки дониши андӯхтаи хешро дар амал татбиқ намоянд.

Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саиди Файз Аҳмад ва Ҷниди Моҳаммад Раҳим дар қисми паҳлуии ду адад ҷомадон аз маҳсулоти пластикӣ ва ширеш худпинҳонгоҳи махсус омода намуда, дохили онро бо маводи мухаддир пур карда, мехостанд онро ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намоянд.

 

 

Ин ҳолат аз ҷониби нозир-кинологҳо пинҳон намонд ва бо истифода аз саги хизматӣ дар толори назорати шаҳрвандони Гумруки “Панҷи-Поён”-и Раёсати минтақии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Мутобиқи хулосаи ташхисӣ маводҳои мусодирагардида ба маводи нашъаовари навъи «Героин» мансуб буда, вазни холиси он 5 кг 205,7 граммро ташкил дод ва ҷиноятпешагон бо дастрасии моддаҳои 200 қисми 4 банди «д» ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры