ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
22
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2288
mod_vvisit_counterДирӯз7702
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта31799
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3355957

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Оғози бунёди ду муассисаи нави таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

30 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо тарҳи лоиҳаи “Бунёди бинои таълимӣ барои 2400 хонанда дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи таълимӣ ҳар кадоме бо 2400 ҷойи нишаст санги асос гузоштанд.

Фармоишгари бунёди иншоотҳои нав Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” мебошад.

Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 аз 6 бинои 4 - ошёна бо таҳхона ва 50 синфхона, аз ҷумла 4 синфхонаи лингафонӣ, 4 адад синфи компютерӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашии техникӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъҳо, устохонаи  умумии коркарди фулуз ва чӯб, толори варзишӣ бо 190 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд. Ҳамчунин барои кори роҳбарият ва омӯзгорон утоқҳои кории замонавӣ бунёд мешавад.

Дар муассиса хуҷраҳои духтурон, равоншинос, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисгоҳ бо 560 ҷойи нишаст, ошхона барои синфҳои поёнӣ бо 255 ҷой ва барои синфҳои болоӣ бо 145 ҷой, дуконҳо, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ мавҷуд аст.

Иқдоми бунёди Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе, таҳти рақами 203 аз 19 марти соли 2018 ва бо маблағҳои буҷетӣ амалӣ мегардад.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии нав, ки дар шафати Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 бо дастури Пешвои миллат бунёд мешавад, барои 2400 ҷойи нишаст пешбинӣ мегардад.

Ин муассисаи нави таълимӣ низ аз чор ошёна иборат буда, дар он барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ тамоми шароитҳои муосир ба инобат гирифта хоҳад шуд.

Дар мактаби нав низ синфхонаҳои барҳавои лингафонӣ, компютерӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфҳои мусиқӣ, хореографӣ, нақшакашӣ, тайёрии ҳарбӣ, таълими меҳнат, толори варзишӣ, хуҷраҳои духтурон, китобхонаи электронӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва техникӣ бунёд карда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди муассисаҳои таълимӣ барои 4800 хонанда дар ҳудуди қитъаи замини Муассисаи давлатии Гимназияи рақами 53 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе барои назорати корҳои сохтмонӣ ва ба сохтмончиён баҳри иҷрои босифати корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

ШАРИКОН