ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Августь 2018
21
Вторник
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня4596
mod_vvisit_counterYesterday7010
mod_vvisit_counterВчера11606
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3566090

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Татбиқи Қонун «Дар бораи мубориза бо коррупсия» дар амал

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аҳамият ва самараи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» ва ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ҳамоиш – семинаре дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшавандаи ҳамоиш-семинар намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, бо натиҷа аз санҷишҳои анҷомгирифтаи соҳавӣ таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба мақсадноку пурсамар ва аз рӯи таъйинот истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҷалб намуданд.

 

 

 

Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар дар назди иштирокдорони семинар баромад намуда, аз ҷумла чунин гуфт: «Бо мақсади баланд бардоштани маданияти касбии кормандон, риояи меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ахлоқӣ ва қоидаҳои одоби хизматӣ, Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шудааст.

Хадамоти гумрук масъалаи ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро, ки ҳамчун омили асосии баланд бардоштани самаранокии фаъолият ба шумор меравад, яке аз самтҳои афзалиятнок интихоб намуда, пайваста дар ин самт корҳои мақсаднокро амалӣ менамояд.

Хадамоти гумрук мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти сӯйистифода аз мавқеи хизматиро, яке аз самтҳои афзалитяноки фаъолияти худ қарор дода, иҷрои талаботи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба онро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад».

 

http://minfin.tj/

Партнёры