CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

July 2018
16
Monday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday2473
mod_vvisit_counterYesterday5531
mod_vvisit_counterThis week2473
mod_vvisit_counterThis month62664
mod_vvisit_counterAll days3349495

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 

Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

26 июни соли 2017 дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи идона баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе полковники хадамоти гумрук Хуршед Рауфзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсии Раёсатро бо фарорасии ин санаи фархундаи таърихӣ табрик намуд.

Номбурда иброз дошт, ки ин санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, миллати моро ба ҳам овард ва ба сӯйи нақшаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сохторҳо мақомоти гумрук низ, фаъолияти худро дар доираи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монда, ба муваффақиятҳо ноил гардид.

Бешубҳа, рушди бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ аз иҷрои пурраи буҷети давлатӣ вобастагӣ дорад. Мусоидат намудан ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, пешгирии қочоқи молу маҳсулот, қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо дар соҳаи гумрук, аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки назорати доимиро тақозо менамоянд.

Кормандони мақомоти гумрук дар баробари дигар кормандони мақомоти ҳифзиҳуқуқи кишвар, таҷассумгари сиёсат ва симои давлат мебошанд. Марҳалаи кунунии рушди кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, инчунин, вазъи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки мо кормандони мақомоти гумрук баҳри иҷрои вазифаҳои хизматии худ аҳамияти аввалиндараҷа дода, ба қадри ин неъмати пурарзиш бирасем.

 

 

Сипас, сарходими илмии Пажуишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Пирмуҳаммад ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанберо бо 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки: “27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ба диёри мо тоҷикон сулҳу субот фароҳам омад ва баъд аз навмедиҳои зиёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол субҳи шодӣ дамид.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи шаҳрвандии худро аз гирдбоди ҳалокатбори ҷангу хунрезиҳо наҷот додааст. Фарзандони фарзона ва фидоии он тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз карда, ба онҳо ҷилову бақои тоза бахшанд.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат дар фазои солими сулҳу субот ва ваҳдату ҳамрайъӣ нақшаҳои бузургу ояндасози давлатдории миллиро амалӣ карда истодаанд.

Воқеан таҳкими дастовардҳои истиқлолият, бунёди пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад”.

 

 

Дар фарҷом, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Рауфзода бори дигар иштирокдорони ҷаласаро аз номи Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, барояшон осмони софу зиндагии ободу осуда таманно намуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships