ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
16
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз224
mod_vvisit_counterДирӯз5867
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18056
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90641
mod_vvisit_counterҲамарӯза3525557

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Вохӯрии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо Турсунзода Азим Ҳайдар

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

12 июли соли 2018 дар Хадамоти гумрук мулоқоти Ян Петер Олтерс Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши гумрукӣ, инчунин, оид ба рафти амалишавии лоиҳаи «Ҳисобот оид ба самтҳои фаъолияти гумрукӣ» табодули назар намуданд.

 

 

 

Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс дар навбати худ омодагии хешро барои вусъат бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар оянда изҳор карда, татбиқи лоиҳаҳои муштаракро ҷиҳати устувор намудани фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Зимни суханронӣ Ян Петер Олтерс ҳамзамон оид ба мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо, кумаки техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони Хадамоти гумрук назари андеша намуд.

Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи муфид дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.

 

 

Дар фарҷоми вохӯрӣ зикр карда шуд, ки масъалаи мазкур дар машварати корӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гумрук ва Бонки ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик баррасӣ хоҳад шуд.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гоҳар Гулюмян коршиноси калон доир ба кишварҳо, ҳамоҳангсози лоиҳаҳо Зарина Абдулалиева ва кормандони масъули мақомоти гумрук иштирок намуданд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН