ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
16
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз224
mod_vvisit_counterДирӯз5867
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18056
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90641
mod_vvisit_counterҲамарӯза3525557

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Фарғона

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

16 июли соли 2018 дар ш. Фарғона мулоқоти кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор аз ҷумла, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хадамоти гумрук Шерализода Хуршед иштирок намуданд.

Расулзода ва Орипов масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба, пеш аз ҳама ҷараёни омодагӣ ба мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот, инчунин мавзӯи татбиқи тавофуқномаҳое, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистион (моҳи марти соли равон) ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шуданд, барррасӣ гардида, ҷонибҳо таъсири баланди тамосҳои ҷориро дар сатҳ ва самтҳои мухталифи равобити дуҷониба махсус зикр намуданд.

Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз афзоиш ёфтааст.

 

Таъкид гардид, ки иқтисоди ду кишвар такмилкунандаи якдигар буда, ба шарофати наздикии ҷуғрофӣ ва хароҷоти пойини боркашонӣ, дорои имконияти рақобатпазирӣ мебошад.

Бо ҳадафи фаъолсозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки бо баргузории нишасти навбатии Шӯрои соҳибкорӣ, шароити муносиб барои фаъолияти доираҳои соҳибкории ду кишвар дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон фароҳам оварда шавад.

Ҷониби Ӯзбекистон аз пешниҳоди баргузории Намоишгоҳи миллӣ-саноатии “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Форуми муштараки соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ш. Тошканд зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол намуд.

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо таъкид бар аҳамияти ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ тавофуқ ҳосил карданд, ки дар мавриди баргузории чорабиниҳои вобаста ба таҳкими алоқаҳои бародарӣ байни халқҳои тоҷику ӯзбек муштаракан фаъолият намоянд.

Ҷонибҳо бори дигар пойбандии худро ба таҳкими бештари равобити дуҷониба дар ҳамаи самтҳо ва омодагӣ баҳри амалисозии чораҳои зарурӣ барои боз ҳам муассир ва пурмаҳсул кардани ин равобит мавриди таъкид қарор доданд.

Сарвазирон изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити ду давлатро ба сатҳи нав бароварда, уфуқҳои тозае барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои манфиатбахш миёни давлатҳо ва халқҳои ду кишвар боз хоҳад кард.

 

 

 

 

 

http://mfa.tj/

ШАРИКОН