ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
16
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз224
mod_vvisit_counterДирӯз5867
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18056
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90641
mod_vvisit_counterҲамарӯза3525557

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Сарзамини Тоҷикистон бо зебоиҳои нотакрораш қалби садҳо сайёҳонро тасхир намудааст

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

«Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобаш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон

«Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, хусусан фарҳанги муоширати кормандони мақомоти гумрук, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ фаъолият менамоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд», гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифзода. Дар ин росто, ӯ афзуд, ки дар тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти гумрук телефони боварӣ насб ва фаъол карда шудааст, ки он ба таҳкими робитаҳои мақомоти гумрук бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ мусоидат менамояд.

 

 

Сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумруки кишвар афзуд, ки ҳамарӯза дар дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ барои вуруду хуруҷи садҳо нафар мусофирони давлатҳои ҳамҷавор хизматрасонии босифат анҷом дода мешавад. Ба андешаи Сабзаалӣ Шарифзода, ҳангоми ташриф ва гусели меҳмонон, хусусан сайёҳони хориҷӣ нахуст онҳо бо кормандони қушунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ, сатҳи баланди хизматрасонӣ, одоби хуби муошират, муносибати нарм бо сайёҳон ва меҳмонони хориҷие, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, рисолати ҳар як корманди мақомоти гумрук аст. Дар ин росто, месазад, ки мо гумрукчиён дар муносибат бо меҳмонони хориҷӣ ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, зеро гумрукро дарвозаи шаҳр мегӯянд ва рушди соҳаи сайёҳӣ аз муомила ва меҳмоннавозии хуби мо гумрукчиён низ вобастагии калон дорад.

Бояд тазаккур дод, ки бо дасгтирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон иншоотҳои муҳими бахши сайёҳӣ, назири маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара», истироҳатгоҳҳои «Пули сангин», «Баҳористон», маҷмааи «СПА Ҳаёт» ва боз даҳҳо меҳмонхонаҳои панҷситорадори ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд гардида, як қатор инфрасохтори бахши сайёҳӣ таҷдид карда шуданд.

 

 

Соли 2018 эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа хуш истиқбол гардид, зеро рушди соҳаи сайёҳӣ ин ободии кишвар, бунёди инфрасохтор ва дигар иншооти сайёҳӣ мебошад. Дар доираи эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар партави иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба корҳои созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Ҷараёни босуръати корҳои бунёдкорӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат, хоса дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе далели ин гуфтаҳост. Дар ин росто, муовини аввали Раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода мегӯяд, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» қадами муассирест дар роҳи рушди соҳаи сайёҳӣ, зеро сарзамини Тоҷикистон дорои шароити беҳтарин барои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки ба ин васила метавон иқтисодиёти кишварро таҳким бахшид.

Мавсуф афзуд, ки воқеан сарзамини Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ аст, ки он дар минтақа беназир арзёбӣ мегардад. Кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор ва кашфношуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳои бостонӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, дар як фасл тамошо намудани манзараҳои чор фасли сол, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш қалби садҳо сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Аз ин ҷост, ки дар Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, шикор дар чор фасли сол мавҷуд аст. Чунин иқлимро шояд мардумони дигар кишварҳои ҷаҳон орзу доранд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода мегӯяд, ки имтиёзҳои андозию гумрукие, ки Пешвои миллат дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори соҳа афзун мегардонад. Дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав, низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 давлати хориҷӣ аз муҳимтарин тадбирҳоеанд, ки барои рушди бемайлони соҳа замина мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд. Дар ин раванд барои густариши соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бояд тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои олии ҷумҳурӣ саҳми сазовор дошта бошанд. Мавсуф афзуд, ки дар ҳамбастагӣ бо пайравӣ аз иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба имкониятҳои воқеӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми босазо дошта бошем.

Бояд тазаккур дод, ки сарзамини Тоҷикистон барои сайёҳӣ кишвари ҷолиб буда, дар солҳои истиқлолияти давлатӣ беҳтарин ва бештарин имкониятҳоро барои сайёҳӣ соҳиб гашт ва мувофиқи иттилои шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб намудааст. Аз ҷумла, маҷаллаи сайёҳии Бритониё «Вондер Ласт» («Wander Last») Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар радифи 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард. Нашрияи маъруфи Россия «Нэшнл Географик» («National Geographic») шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба рӯйхати 10 минтақаи зеботарини рӯйи дунё шомил намуд.Маҷаллаи «Топ 100» кӯҳҳои Помиро ба феҳрасти мавзеъҳои ҷолиб ворид кард. Нашрияи «Индепендент» («The Independent») пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанберо ба ҳайати даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амнияти шабона эътироф кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре ҳаст, ки сайёҳии он дар ҳолати рушд қарор дорад. Тоҷикистон дар раддабандии созмонҳои байналмилалӣ аз лиҳози имкониятҳои сайёҳии саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи ҳафтумро касб намуд.

Ҳамзамон, Депортаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои сайёҳат бехатар арзёбӣ карда, шаҳрвандонашро ҷиҳати сафар ба Тоҷикистон тавсия додааст. Дар ҳошияи намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии «Берлин - 2018» маросими супоридани ҷоизаи 100 самти беҳтарин пешоҳанги ҷаҳонӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардум ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2018 баргузор гардид ва минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин 100-гона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойи аввалро сазовор гардид.

Агентии «Тур Стар» – и Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 рӯйхати кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишвари маъруфтарини хориҷиро барои сайёҳони Россия дар соли 2017 муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин ворид гардид. Аз натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «Топ Стар» - и Россия маълум шуд, ки пойтахти Тоҷикистон шаҳри - Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, яъне беҳтарин шаҳр дар айёми баҳорӣ эътироф гардид.

ДУШАНБЕ, 16. 07. 2018/АМИТ «Ховар»/.

ШАРИКОН