ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5521
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта19287
mod_vvisit_counterДар ин моҳ92633
mod_vvisit_counterҲамарӯза3718271

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Танзим баракати зиндагӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар робита ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 17 августи соли 2018, бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматзода Иззатулло Зариф ва Муовини Раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода, ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро, Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҳусни оғоз бахшида, оид ба омилҳои муҳимми зарурати таҳия ва қабули қонуни номбурда, аҳамият ва манфиатҳои он дар ҷомеа давоми чанд соли охир сухан ронд. “Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия гардида, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст ва татбиқу риояи талаботи он аз ҳар яки мо вобаста аст. Хушбахтона, муқаррароти қонуни мазкур аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст иҷро карда мешаванд ва тибқи Нақшаи кории комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ба нақша гирифташуда, бо кормандони мақомоти гумрук мунтазам дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи моддаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом дода мешаванд”, - қайд намуд зимни баромад Ҳурматзода Иззатулло Зариф.

 

 

 

Муовини Раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода оид ба талаботҳои қонуни номбурда ва тағйироти ба он воридгардида ба иштирокдорон маълумот дод. Аз ҷумла зикр кард: “Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки солҳои пеш сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо барои мардум душвориҳо пеш меовард. Ин нуктаро, яъне зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будан дар баргузории маросиму маъракаҳоро, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат 24 майи соли 2007 низ ишора намуда буданд. Ба такя ба моддаи 1-и қонуни мазкур бояд гуфт, ки мақсади он аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти барзиёд, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст».

 

 

Дар идомаи ҷаласа, Азизулло Мирзозода оид ба талаботи муқаррароти моддаи 12 қонуни мазкур ҳарф зада, ба иштирокдорон дар хусуси расмиёти зиёрати Ҳаҷ ва ба зиёдаравӣ роҳ надодан ҳангоми анҷоми ин маросим сухан кард.

Дар хотимаи ҷаласа, Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматзода Иззатулло Зариф аз эҳтироми ҷашну маросимҳои ниёгон қайд намуда, дар баробари ин дар доираи қонун ва талаботи замон анҷом додани маросиму ҷашнҳо бо мақсади пешгирӣ намудани исрофкорӣ, намоишкорӣ ва зоҳирпарастиро зарурати воқеӣ арзёбӣ намуд: “Бо назардошти ин таъкидҳо, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳар яки мо вобастагии зиёд дорад. Агар мо пойбанди таассубу хурофот нашуда, талаботи қонунро риоя кунем, натиҷаи он ба шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии мо таъсири мусбат хоҳад расонд”.

Қобили қайд аст, ки иштирокдорони ҷаласа дар қисмати саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН