ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5521
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта19287
mod_vvisit_counterДар ин моҳ92633
mod_vvisit_counterҲамарӯза3718271

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Вохӯрии муовини якуми Сардори хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Департаменти Энергетикаи ИМА

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук вохӯрии муовини якуми Сардори хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо менеҷери Департаменти энергетикаи ИМА Кэвин Рошдеҳ ва менеҷери кор бо кадрҳои Департаменти энергетикаи ИМА Скотт Мапле баргузор гардид. Инчунин, дар вохӯрии мазкур, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидов И., муовини директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмедов М., намояндагони ширкати «Рапискан» Минчел Хзу, Ҷасон Пеэйс , Арво Эллер ва кормандони масъули мақомоти гумрук иштирок намуданд.

Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар меҳмононро ба Хадамоти гумрук пазирои намуда аз ҳамкори бо Департаменти Энергетикаи ИМА изҳори минатдори намуд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, аз ҷониби муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд таклифу пешниҳодҳо карда шуд. Аз ҷумла: - таъсиси маркази таълимӣ оиди маълумоти моддаҳои радиатсионӣ; - таъминоти техникии ҳамаи он дастгоҳҳои насб шаванда баъди се соли насб намудан аз ҷониби мутахассисони Департаменти Энергетикаи ИМА таъмин карда шаванд; - ҷиҳати такмили донишу малакаи кормандон барои истифодабарии дастгоҳҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда, омӯзонда шаванд; Кэвин Рошдеҳ барои истиқболи гарму самими ба Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро баён намуд. Департаменти Энергетикаи ИМА ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкори бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ҳамаи мониторҳо (порталҳо) то охири соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, таълими кормандони гумрук дар тули сол ба роҳ монад, мутахассисони ширкати «Рапискан» дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҷиҳати андозагирӣ равона карда шаванд.

 

 

Маврид ба зикр аст, ки Департаменти Энергетикаи ИМА дар Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамин гуна дастгоҳҳоро дар сарҳад бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон насб намуданд, ки дар оянда дар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» низ, ин намуди дастгоҳҳо насб намоянд. Кэвин Рошдеҳ дар баромади худ қайд намуданд, ки ба ғайр аз 13 дастгоҳҳои мониторӣ (порталӣ) боз дастгоҳҳое, ки дар даст гирифта истифода мешаванд ворид хоҳад намуд ва кор дар ин самт марҳила ба марҳила оғоз ёфта аз омӯзондан то нигоҳу бини ҳолати техникии дастгоҳҳо аз тарафи мутхассисон омӯзонда мешавад.

 

 

Скотт Мапле қайд намуд, ки барномаи омӯзишӣ бо Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумрук мувофиқа карда мешавад. Чунин омӯзишҳо дар моҳи феврали соли 2017 дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба монанди дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» ва «Панҷи Поён» гузаронида шуда буд ва минбаъд низ, омӯзиши кормандонро дар ин самт давом хоҳем дод. Дар анҷом Скот Мапле изҳори ташаккур намуда ва иброз намудан, ки ман менеҷери минтақавӣ мебошам ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди омӯзишҳо ва машқҳо дар минтақа пешсаф мебошад.

 

 

Турсунзода Азим Ҳайдар низ дар фарҷоми вохӯрӣ миннтадории худро бори дигар ба Департаменти Энергетикаи ИМА барои ҳамкори иброз дошта қайд намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст ҳамаҷониба омӯзондани мутахассисонро дастгирӣ намояд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШАРИКОН