ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
20
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5869
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта19635
mod_vvisit_counterДар ин моҳ92981
mod_vvisit_counterҲамарӯза3718619

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба муносибати 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бахшида ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода Абдуҷабборро барои иштирок дар ин ҷаласа хайрамақдам намуд.

 

 

Дар ҷаласаи тантанавӣ, Сатторзода Абдуҷаббор аз номи Сарвари давлат ду нафар кормандони Хадамоти гумрукро бо мукофоти давлатӣ сарфароз намуд.

 

 

 

 

Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон зимни суханронии худ қайд кард, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ фароҳам овард.

 

 

Аз замоне, ки истиқлолият фазои кишварамонро фаро гирифт ва дар рӯзгори мардуми Тоҷикистони азиз субҳи шодӣ дамид, 27 сол сипарӣ гашт. Дар тӯли ин фурсати начандон зиёд, Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ба дастовардҳои назаррас ноил гашт.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам, қайд намоям, ки тайи солҳои охир бо шарофати истиқлолият ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки кишвари мо бо зиёда аз 100 мамлакати дунё муносибати тиҷоратӣ дорад. Бо раванди пешравии ҷомеаи ҷаҳонӣ, робитаҳои тиҷоратии кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ривоҷ ёфта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати тиҷорати хориҷӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои нав ба навро мегузорад. Илова бар ин, имрӯз бо бунёди пулу роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти комуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, ба кишвари транзитӣ табдил гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои пешбурди соҳибкорию тиҷорати хориҷӣ, бо аз байн бурдани монеаҳое, ки садди роҳи тиҷорат мегарданд, фароҳам карда истодааст.

 

 

Хадамоти гумрук низ, дар ин радиф, дар баробари таъмини пурраи нақшаи солона, инчунин, барои содда гардонидани тиҷорати хориҷӣ дар доираи барномаи модернизатсия ва ислоҳоти мақомоти гумрук чораҳои мақсаднок андешида истодааст.

Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, пешрафти устувори иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги ватанамон-Тоҷикистони азиз таъмин гардида, мардуми он дар фазои орому осуда зиндагӣ ба сар мебарад ва нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста боло меравад.

 

 

Бо соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон ва барқарории рукнҳои давлатдорӣ, мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, дар баробари дигар мақомоти давлатӣ, барои ҳимояи манфиатҳои давлати тозабунёд ва ҳифзи неъматҳои истиқлолият қадамҳои устувор гузошт. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, мақомоти гумрук вазифаҳои хеле муҳим - амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бо зуҳуроти нангини нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳуриро ба ӯҳда дошт ва то ба имрӯз сарбаландона ин вазифаҳоро ба иҷро расонида истодаааст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи фаъолияти мақомоти гумрук ба кори ҳамарӯзаи он диққати ҷиддӣ дода, оид ба беҳтар ва устувор намудани самтҳои фаъолияти он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Аҳамияти собитқадамона ва мунтазам амалӣ намудани раванди дигаргуниҳои иқтисодӣ, таҳкими сиёсати системаи андоз ва молиявии давлат, инчунин, инкишофи иқтисодиёти миллиро борҳо дар баромадҳои худ қайд намудаанд.

 

 

Мақомоти гумрук сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди соҳибкорӣ ва савдои хориҷӣ дастгирӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ ҳамкориро бо субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин раванд фаъолияти худро ҷиҳати соддагардонии расмиёти гумрукӣ идома дода истодааст, то ки ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварад.

 

 

Аз ин лиҳоз, баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, моро зарур аст, ки минбаъд низ, фаъолияти худро тибқи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида, бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда, барои пур кардани қисми даромади Буҷети давлатӣ, пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, таъмини амнияти иқтисодии кишвар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, саҳми арзанда гузорем.

 

 

Дар охир, ҳамаи Шуморо бори дигар аз номи роҳбарияти Хадамоти гумрук ба муносибати бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори ояндаатон муваффақиятҳо таманно менамоям.

 

 

 

 

 

Дар ҷаласаи мазкур, Сарнозири Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, майори хадамоти гумрук Муллоева Парвина, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири калони кафедраи “Иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фаннҳои махсус”, лейтенанти хадамоти гумрук Нозимов Ансорӣ, нозири калони шуъбаи ташкил ва таҳлили баҳисобгирии пардохтҳои гумрукии Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, лейтенанти калони хадамоти гумрук Назров Масрур ва сардори Донишкадаи такмили ихтисос, полковники хадамоти гумрук Сабзаалӣ Шарифзода ба сухан баромада, доир ба натиҷаҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд.

 

 

Сипас, дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук як қатор кормандон барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумрук», бо медали ҷашнии «20-солагии мақомоти гумрук», «Ифтихорнома», «Раҳматнома» ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШАРИКОН