ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5529
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта19295
mod_vvisit_counterДар ин моҳ92641
mod_vvisit_counterҲамарӯза3718279

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Истиқболи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

7 сентябри соли 2018 дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе полковники хадамоти гумрук Хуршед Рауфзода ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсии Раёсатро бо фарорасии ин рӯзи фархунда табрик намуд.

Номбурда иброз дошт, ки озодиву соҳибистиқлолӣ бароямон дастоварди бузургтарин маҳсуб мешавад, ки имрӯзҳо самараи онро дар рӯзгори ҳар хонадон ба хубӣ эҳсос мекунем ва ифтихор менамоем, зеро маҳз Истиқлолият барои бунёди ҷомеаи демократию шаҳрвандӣ ва низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ шароиту заминаи мусоид фароҳам овард.

 

 

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сохторҳо мақомоти гумрук низ, фаъолияти худро дар доираи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монда, ба муваффақиятҳо ноил гардид.

 

 

Кормандони Хадамоти гумрук дар баробари дигар кормандони мақомоти ҳифзиҳуқуқи кишвар, таҷассумгари сиёсат ва симои давлат мебошанд. Марҳалаи кунунии рушди кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, инчунин, вазъи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки мо кормандони мақомоти гумрук баҳри иҷрои вазифаҳои хизматии худ аҳамияти аввалиндараҷа дода, ба қадри ин неъмати пурарзиш бирасем.

 

 

Сипас, Қудратов Рустам Раҳматович доктори илмҳои иқтисод, профессор, муовини аввали Раиси Ҳизби “Ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанберо бо ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд доштанд, ки озодиву соҳибистиқлолӣ бароямон дастоварди бузургтарин маҳсуб мешаванд, ки имрӯзҳо самараи онро дар рӯзгори ҳар хонадон ба хубӣ эҳсос мекунем ва ифтихор менамоем, зеро маҳз Истиқлолият барои бунёди ҷомеаи демократию шаҳрвандӣ ва низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ, дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ, шароиту заминаи мусоид фароҳам овард.

Ӯ иброз намуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи меъёрҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳамаҷониба таъмин намуда, дар самти чунин кишвари ободу ҳуқуқбунёд табдил додани Ватани азизамон ва рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми намоён дорад.

Ҷашни фархундаи 27-солагии Истиқлолияти давлатиро ба Шумо бори дигар муборакбод гуфта, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодату сарбаландӣ ва дастовардҳои беназирро орзу менамоем.

 

 

Инчунин, сардори Донишкадаи такмили ихтисос, полковники хадамоти гумрук Сабзаалӣ Шарифзода, ва сардори Лабораторияи гумрукии марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Саидов Мансур ба сухан баромада, доир ба натиҷаҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ибрози андеша намуданд.

 

 

Дар ҷаласаи тантанавӣ, Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Бобоев Хуршед, аз номи Роҳбарияти мақомоти гумрук ба муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Рауфзода медали ҷашнии «20-солагии мақомоти гумрук»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд, дар баробари ин як қатор кормандони раёсати мазкур аз ҷониби Роҳбарияти Хадамоти гумрук бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумрук», бо медали ҷашнии «20-солагии мақомоти гумрук», «Ифтихорнома», «Раҳматнома» ва мукофотҳои пулӣ низ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар фарҷом, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Рауфзода бори дигар иштирокдорони ҷаласаро аз номи Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон осмони софу зиндагии ободу осударо таманно намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШАРИКОН