ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Апрел 2018
25
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1386
mod_vvisit_counterДирӯз3187
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6765
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3008310

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Мулоқот бо муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF

Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук доир гардид.

Муфассал...

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Мушовири Директори генералии бюрои гумрук ва тарифҳои Вазорати молияи Япония

Чоп PDF

Санаи 6-уми апрели соли 2018 вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Мушовири Директори генералии бюрои гумрук ва тарифҳои Вазорати молияи Япония ҷаноби Ҳидео Фукусима сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои гумрукии Тоҷикистону Япония баррасӣ гардида, роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба интихоботи Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии гумрук, ки аз 28 то 30-юми июни соли 2018 дар шаҳри Брюссел доир мегардад ва дар он номзадии намояндаи Япония низ матраҳ хоҳад гардид, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Муфассал...

Наврӯзи оламшумул муборак

Чоп PDF

Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Имрӯз 20-уми март дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Иди Наврӯз бо иштироки Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид.

Нахуст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон кулли чамъомадагонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр карданд:

Муфассал...

Ҷамъомад доир ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо дар Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Имрӯз бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Хуршед Шерализода ва кормандони Дастгоҳи марказии мақомоти гумрук тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли ҷорӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13-уми марти соли 2018 баён доштанд, омӯзиши матни суханронии Пешвои миллат гузаронида шуд.

Муфассал...

Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур Роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат иштирок намуданд.

Ба рӯзномаи ҷаласаи мазкур, мавзӯҳои зерин дохил карда шуданд:

-истифодабарии Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ) дар мақомоти гумрук;

- тадқиқи вақти иҷозат ва масъалаҳои гуногун.

Сардори Хадамати гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14 моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Муфассал...

ШАРИКОН