ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5518
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта19284
mod_vvisit_counterДар ин моҳ92630
mod_vvisit_counterҲамарӯза3718268

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Имзои шартнома

Чоп PDF

Санаи 30 июни соли 2009 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии ба имзо расидани Шартнома байни Хадамоти гумрук ва «Ширкати илмию истеҳсолии Р.И.С.К.»-и Ҷумҳурии Озарҷойбон, ки дар дар тендер оид ба татбиқи системаи ягонаи автоматоникунонидашудаи иттилоотӣ (СЯАИ) ғолиб баромада буд, баргузор гардид.

Муфассал...

Таъсири бӯҳрони молиявӣ

Чоп PDF

Таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба рушди минбаъдаи савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин буд мавзӯе, ки дар маҷлиси навбатии Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 20 – майи соли 2009 дар бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқу иштирокчиён қарор ёфт.

Муфассал...

Таҷлили Иди забон

Чоп PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал чорӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 22 июли соли ҷорӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили Иди рӯзи Забони точикӣ баён намуда буд, нақша-чорабиниҳо тартиб дода, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
То имрӯз аз ҷониби мутахассисони мақомоти гумрук барои ба забони давлатӣ ба роҳ мондани коргузории фаъолияти серсоҳаи Хадамот «Луғати мухтасари истилоҳоти гумрук» иборат аз 5 ҳазор калимаю истилоҳот ва «Луғат-маълумотнома» бо тафсири 104 истилоҳ таҳия ва чоп гардид.
Ҳамчунин дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамот аз рӯзи 15 сентябри соли 2008 сар карда курсҳои омӯзишии забони тоҷикӣ барои кормандон ва онҳое, ки гуфтор ва ҳусни хати худро такмил додан мехоҳанд, ташкил карда шудааст.

Муфассал...

Таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо воситаҳои муосир

Чоп PDF

Дар айни замон, ки прогресси илмӣ-техникӣ босуръат пеш меравад, таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо воситаҳои муосир, дастгоҳҳои махсус ва таҷҳизоти оперативӣ аҳамияти калон дорад.
Ин аст, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иқдоми дигареро баҳри пешгирӣнамудани қонуншиканиҳои гумрукӣ дар мақомоти гумрук анҷом дод.
Дар коргоҳи Лабораторияи марказии гумрукии Хадамот таҷҳизоти нави «Респект» ҷиҳати таҳлил ва муайян намудани таркиби химиявии моддаҳо васл гардид. Ин таҷҳизоти ҳозиразамон истеҳсоли Федератсияи Россия буда, дар соҳаҳои гуногун ва техника, аз ҷумла барои анҷом додани назорати гумрукӣ истифода бурда мешавад.

Муфассал...

Семинари минтақавии Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари минтақавии Хадамоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар семинар масъалаи « Фаъолияти самараноки системаҳои таҳлил ва идории таваккал - ҳамчун омили кафолати ҳифзи ҷомеа аз интиқоли ғайриқонунии молҳо тавассути сарҳад ва инкишофи савдои минтақа» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори семинар намояндагони Хадамоти гумруки Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва намояндагони даъватгардидаи созмонҳои байналхалқӣ ширкат варзида, дар мавзӯъҳои « Мавқеи системаҳои идории таваккал дар беҳтар намудани фазои тиҷоратию иқтисодии минтақа» ва «Соддагардонии монеаҳои маъмурӣ дар тиҷорати минтақавӣ дар партави таъмин намудани амнияти иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ» баромад намуданд.

Муфассал...

ШАРИКОН