ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  21
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  74
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  385
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  339
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  396
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1860
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1750
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4345
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз7606
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта41071
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2168296

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд

Чоп PDF

2-юми марти соли равон муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҷаноби Ҳидеки Танабе – Роҳбари навтаъйиншудаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), мулоқот доир намуд.

Нахуст муовини Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар меҳмононро бо вазъи фаъолияти кунунии мақомоти гумруки Тоҷикистон ва сатҳи ҳамкориҳои Хадамоти гумрук бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), шинос намуд.

Муфассал...

Муҳокимаи роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятии муосир

Чоп PDF

Дар соли равон ҳайати намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти сарварии Муовини Директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) Аҳмад Сайф Эл-Давла бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Муовини Директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) Аҳмад Сайф Эл-Давларо дар ин сафари корӣ Дэвид Маккивер, Ребекка Братскар, Ху Ю, Геннадий Лутай, Карнелиа Лудорф, Алнур Тулембаев, Антон Арефиев, Вячеслав Мусихин ва Фейзо Нуманай ҳамроҳӣ намуданд.

Муфассал...

Мақсад - пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа

Чоп PDF

Дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода ва сарнозири ҳамин раёсат Маҷидӣ Абдукарим Асрориён бо ҳайати шахсии мақомоти гумрук баргузор гардид.

Муфассал...

Баррасии масъалаҳои транзитӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ

Чоп PDF

Имрӯз, 14-уми феврали соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро баргузор гардид.

Муфассал...

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Ҳю Стенли Филпотт

Чоп PDF

Имрӯз, 9 - уми феврали соли 2017 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Стенли Филпотт баргузор гардид.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб меҳмонони олиқадрро барои ташрифашон ба Хадамоти гумрук хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки : - «Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони умумиҷаҳонии гумрук ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...

Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист

Чоп PDF

Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта заминаи мустаҳкам гузошта, дар самти муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳлили омори вазъи коррупсионӣ тамоми масъалаҳоро пешбинӣ намудааст, чанде қабл вохӯрии навбатии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ бо ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муфассал...

Иди касбӣ муборак!

Чоп PDF

Ҳамасола рӯзи 22-юми январ иди касбии кормандони гумруки тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳамсолу ҳамқадами Истиқлолияти давлатӣ буда, ба таъсисёбии ин сохтори қудратии кишвар 25 сол пур мешавад.

Имрӯз дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон биступанҷумин солгарди мақомоти гумрук ботантана таҷлил гардид.

 

Муфассал...

Паём - роҳнамои рӯзгори некӯ пурсаодат

Чоп PDF

Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 декабри соли 2016 баргузор гардид, бо иштироки Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, муҳтарам Шариф Раҳимзода ва корманди ҳамин Кумита Қаландар Аъзамов баргузор гардид.

Муфассал...

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Чоп PDF

13 декабри соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа иштирокдорон масъалаҳои мазкур, аз ҷумла масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯро, объектҳои моликияти зеҳнӣ, муайян намудани арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, истифодаи системаи идораи таваккал дар мақомоти гумрук, муайян намудани рӯзномаи ҷаласаи минбаъдаи Шӯро, ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласа ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед доир ба мақсад, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ маърӯза кард.

Муфассал...

Ҳадаф - аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ

Чоп PDF

Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 30 ноябри соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук баргузор гардид.

Муфассал...

Парчам-рамзи муқаддасоти миллӣ

Чоп PDF

Имрӯз, 24 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрукӣ Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рӯзи муқаддас таҳният гуфт.

Зимни баромади хеш номбурда афзуд, ки: - “Ҳар як давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Муфассал...

Конститутсия - бахтномаи миллат

Чоп PDF

Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 22-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, номзади илмҳои таърих, муовини декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Изатулло ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муфассал...

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сомнатҳ Гхош

Чоп PDF

Дирӯз, 10 октябри соли равон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнатҳ Гхош мулоқот доир намуд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб зимни баромади худ иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон «Дар бораи ҳамкориҳо дар мубориза бо қоҷоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, инчунин бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва моддаҳои психотропӣ» аз 14 декабри соли 1999, ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...

Мулоқоти Абдуфатоҳи Ғоиб бо Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ

Чоп PDF

Санаи 10 октябри соли равон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуфатоҳи Ғоиб бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ масъалаҳои ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Муфассал...

ШАРИКОН