ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5563
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта19329
mod_vvisit_counterДар ин моҳ92675
mod_vvisit_counterҲамарӯза3718313

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

Чоп PDF

Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока мулоқот доир намуд.

Зимни мулоқоти расмӣ, ҷонибҳо бо вазъи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишварӣ бо ҳам дӯст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар атрофи масъалаҳои марбут ба интихоботи Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии гумрук, ки 28-30-юми июни соли 2018 дар шаҳри Брюссел доир мегардад ва дар он номзадии намояндаи Япония низ матраҳ хоҳад шуд, сӯҳбат доир намуданд.

Муфассал...

Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

Чоп PDF

2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини мақомоти гумрук бо соҳибкорону тоҷирони ватанию хориҷӣ, Ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат, ташкил намудани шароити мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳо дар самти тиҷорати хориҷӣ, пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Муфассал...

Иди касбӣ муборак!

Чоп PDF

Имрӯз дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-умин солгарди рӯзи таъсисёбии мақомоти гумрук ҷашн гирифта шуд. Дар доираи ҷашн ва тибқи муқаррароти моддаи 486 - и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии як қатор афсарон бахшида ба иди касбии гумрукчиён бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор гардид.

Муфассал...

Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22-юми декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир ҷаласа баргузор гардид.

Муфассал...

Ҳамкориҳои судманди гумрукӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

Чоп PDF

Санаи 7-уми марти соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея вохӯрии масъулини сафорат бо сардори Раёсати иттилоот ва банақшагирии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Ҳюн Пак баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо рушд ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро дар соҳаи гумрук миёни ду кишвар, аз ҷумла дар амал татбиқ намудани “Барномаи байниҳукуматӣ барои коркарди автоматикунонӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ”-ро, ки дар асоси тафовуқ зимни баргузории Форуми 9-уми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2015 матраҳ гардида буд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Муфассал...

ШАРИКОН