ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  215
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  704
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  467
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Кормандони Хадамоти гумрук ба курсҳои забони тоҷикӣ ҷалб гардиданд

22.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  93
Донишкадаи такмили ихтисос як воҳиди сохтории Хадамоти гумруки назди...
Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  800
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  777
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  876
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  790
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3255
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
24
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3300
mod_vvisit_counterДирӯз7201
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта21889
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1766704

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Рушди мақомоти гумрук дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF

Бо мақсади иҷрои банди 52 “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016 таҳти №99 тасдиқ шудааст, рӯзи 28 июни соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо иштироки кормандони вазорату идораҳо ва олимони макотиби олӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Муфассал...

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Элизабет Инга Миллард

Чоп PDF

Санаи 16-уми майи соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Элизабет Инга Миллард Сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ва Роҳбари Шуъбаи ҳамкории низомии Сафорат Кевин Стид вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин Муовини якуми Сардор - Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Муовини сардор - Сайдализода Сӯҳроб Қурбон, Муовини сардор- Турсунзода Азим Ҳайдар, Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ҷурабеков Эраҷ, Сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷамшед, Сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Зайдуллоев Иззат ширкат варзиданд. Сухани ифтитоҳиро Сардори Хадамоти гумрук, Абдуфатоҳи Ғоиб оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки «мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳибистиқлол гардидани кишвар, соли 1991 таъсис дода шуд. Аз давраи таъсисёбӣ, мақомоти гумрук зина ба зина ташаккул ёфта, вазифаҳои асосии худ, аз ҷумла таъмини амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакатро иҷро менамояд».

Муфассал...

Вохӯрии Каримзода Хуршед бо намояндаи гумруки Вазорати федералии молияи Ҷумҳурии Австрия

Чоп PDF

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовини Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ҷӯрабеков Эраҷ бо намояндаи мақомоти гумруки Вазорати федералии молияи Чумҳурии Австрия Тюри Вернер баргузор гардид.

 

Муфассал...

Вохӯрии сардори Хадамоти гумрук бо намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид

Чоп PDF

Имрӯз 20 уми апрели соли 2016 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намондагони Созмони Миллали Муттаҳид доир гардид. Дар вохӯри Абдуфатоҳи Ғоиб сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, Ҷӯрабеков Эраҷ сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмиллалии гумрукӣ, Зайдуллоев Иззатулло сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати асъор иштирок намуданд.

Муфассал...

Шариф Раҳимзода: Паём – раҳнамои миллат

Чоп PDF

Имрӯз дар доираи «Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиситон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода баргузор гардид.

Вохӯриро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон Хуршед Каримзода ифтитоҳ намуда, хулосаю дастурҳои дар Паём омадаро шаҳр дод.

Муфассал...

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия талаби замон ва қабули он ба манфиати давлату ҷомеа аст

Чоп PDF

Бо мақсади шарҳ додани пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсии умумихалқӣ, 29-уми феврали соли равон бо иштироки сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрукии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Юсуфӣ Музаффар Қурбон, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамоти гумрук ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Муфассал...

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия талаби замон аст

Чоп PDF

Вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳайати шахсӣ доир гардид.

Дар маҷлиси ҳайати шахсӣ Турсунзода Азим Ҳайдар — муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати таъмини ҳуқуқ Абдусаломов Рустам иштирок намуданд.

Муфассал...

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон

Чоп PDF

Санаи 27-уми январи соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасанов Аббасали Каром оглу вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати пешбурди соҳа ибрози ақида намуданд.

Муфассал...

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Украина

Чоп PDF

27 январи соли равон дар Дастгоҳи Марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никитюк Виктор Олегович мулоқот доир намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таваҷҷуҳи асосӣ ба дарёфти роҳу василаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба интиқоли молу маҳсулот зоҳир карда шуд.

Муфассал...

Иди касбӣ муборак!

Чоп PDF

Имрӯз дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи таъсисёбии мақомоти гумрук бо тантана таҷлил гардид.Дар доираи ҷашн ва тибқи муқаррароти моддаи 486 - и Кодекси гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими 

Муфассал...

Вохӯриҳои судманд

Чоп PDF

Тавре ба ҳамагон маълум аст, фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Соҳибкорон бо баробари таъмини рӯзгори худ, барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани таҷҳизоти барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ манфиатовар, истеҳсол ва содироти маҳсулоти ватанӣ ва ба ин васила барои пешрафти соҳоти мухталифи ҷомеа саҳми босазои худро мегузоранд.

Аммо, таъсири буҳрони молиявӣ, ки имрӯз ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, на танҳо барои соҳибкорон, балки барои тамоми қишри ҷомеа таъсири манфии худро гузошта, ба пешрафти иқтисодиёт монеаҳо эҷод менамояд.

Муфассал...

Нахустин корвони маҳсулоти «Хуаксин Ғаюр Семент» дар бозори минтақа

Чоп PDF

Нахустин корвони маҳсулоти ширкати истеҳсоли сементи Тоҷикистон «Хуаксин Ғаюр Семент» иборат аз 12 мошини калони боркашон бо 370 тонна сементи истеҳсоли ватанӣ аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поёни вилояти Хатлон ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаракат намуд. Ин нахустин интиқоли маҳсулоти ватанӣ ба воситаи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён, тарзу усули корбарии мақомоти гумрук, истифодаи таҷҳизоти муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони ватаниву хориҷӣ хуш пазируфта шуд.

Муфассал...

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рӯзномаи маҷлис аз фаъолияти Шӯро дар ҳайати нав, масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯро, тағйироту иловаҳо дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти гумрукӣ (дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото), фаъолияти брокерони гумрукӣ ва иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ иборат буданд.

Муфассал...

Сарқонун-дастури зиндагӣ барои миллати тамаддунсози тоҷик

Чоп PDF

Дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук ҷамъомад баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ меҳисобад.

Муфассал...

ШАРИКОН