ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5521
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта19287
mod_vvisit_counterДар ин моҳ92633
mod_vvisit_counterҲамарӯза3718271

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Об асоси зиндагист

Чоп PDF

13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии мақомоти гумрук бо мудири шуъбаи ҷуғрофии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҷуғрофӣ, профессор Холназар Муҳаббатов дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба сухан баромада зикр намуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об то имрӯз ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Муфассал...

Рӯзи байналмилалии занон муборак!

Чоп PDF

Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҳусни оғоз бахшида, аз номи Роҳбарияти мақомот ва номи худ ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии занон табрику таҳният гуфт.

Муфассал...

Муҳокимаи роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятии муосир

Чоп PDF

Дар соли равон ҳайати намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти сарварии Муовини Директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) Аҳмад Сайф Эл-Давла бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Муовини Директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) Аҳмад Сайф Эл-Давларо дар ин сафари корӣ Дэвид Маккивер, Ребекка Братскар, Ху Ю, Геннадий Лутай, Карнелиа Лудорф, Алнур Тулембаев, Антон Арефиев, Вячеслав Мусихин ва Фейзо Нуманай ҳамроҳӣ намуданд.

Муфассал...

Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд

Чоп PDF

2-юми марти соли равон муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҷаноби Ҳидеки Танабе – Роҳбари навтаъйиншудаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), мулоқот доир намуд.

Нахуст муовини Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар меҳмононро бо вазъи фаъолияти кунунии мақомоти гумруки Тоҷикистон ва сатҳи ҳамкориҳои Хадамоти гумрук бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), шинос намуд.

Муфассал...

Баррасии масъалаҳои транзитӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ

Чоп PDF

Имрӯз, 14-уми феврали соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро баргузор гардид.

Муфассал...

ШАРИКОН