ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
Ulti Clocks content

Маълумоти криминалӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

15.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  347
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати...
Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

14.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  360
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Кочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб мусодира карданд

13.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  312
Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

23.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  111
Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба...
Об асоси зиндагист

17.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1620
13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди...
Рӯзи байналмилалии занон муборак!

07.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1729
Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2216
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

19.07.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3913
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

25.01.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  6152
Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Боду ҳаво

Тақвим

Июн 2017
27
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5740
mod_vvisit_counterДирӯз7292
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5740
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1374552

Фотима Сумар дар меҳмонии гумрук

Чоп PDF

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳафтаи гузашта ноиби ёвари котиби давлатии ИМА доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хонум Фотима Сумарро ба ҳузур пазируфт.

Муфассал...

Вохӯрии роҳбарони гумрук дар шаҳри Боку

Чоп PDF

Санаи 4-уми июни соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии навбатии Шӯрои роҳбарони ҳадамотҳои гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои гумруки ҷумҳуриҳои Белорус, Казоқистон, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва намояндаи кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақи л иштирок намуданд, ки Хадамоти гумруки кишварро муовини авали Раиси Хадамот Неъматҷон Раҳматов, муовини сардори Раёсати ташикли назорати гумрукӣ Алишер Каримов намояндагӣ доштанд.

Муфассал...

Фаъолияти Суғд назаррас аст

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд дар натиҷаи андешидани як қатор чорабиниҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2014 – 1208 ҳолати ҳуқуквайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 7 ҳолатро ҷиноят ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ду ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба миқдори 5112 дона ошкор ва ба қайд гирифта шуд.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 828 523 сомонӣ ҷарима ва аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ ба маблағи 14млн 799 876 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шудааст.

Муфассал...

Конститутсия-сарнавишт

Чоп PDF

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Раёсатҳои минтақавии гумрукии Хадамот бо иштироки сардори Раёсати назорати қонунгузории андоз ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷураев ва сардори Раёсати назорати қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сафаров семенар- машварат дар мавзӯҳои «Қабули қонуни асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он пойдору устувор сохтани арзишҳои олии ҳуқӯқӣ» инчунин дар бораи «Тадбирҳои мубориза бо корупсия» сӯҳбату вохӯрии судманд баргузор гардид.

Муфассал...

Кумаки Хадамоти гумрук ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат

Чоп PDF

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки дар он зиёда аз 300 нафар кӯдаки маъюб тарбия меёбад, кумак расонида шуд.

Муфассал...

Паём – Роҳнамои мо!

Чоп PDF

Имрӯз бо иштироки Роҳбари маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар ва роҳбарияту кормандони Хадамот вохурӣ баргузор гардид.

Дар ин вохурӣ меҳмони гиромӣ Худобердӣ Холиқназар бори дигар моҳияти Паёми имсоларо иброз дошта, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳусусияти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин аст, ки он солҳои охир ба сифати яке аз сарчашмаҳои асосии фаъолияти қонунгузории мақомоти дахлдори давлатӣ шинохта шуда, дар қабули қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи он барои рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши арзанда дорад.

Муфассал...

Ҷамъбасти озмун ва қабули 56 нафар ҷавонони лаёқатманд

Чоп PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини баробарҳуқукии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба мансабҳои холӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон, қабули шаҳрвандонро ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озмун ба роҳ монд.

Охири моҳи феврали соли 2014 тибқи «Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармоиши Сардори Хадамоти гумрук таҳти рақами 49-Ф аз 20 феврали 2014 сол, тасдиқ карда шудааст, тавассути васоити ахбори умум, эълонҳо барои гузаронидани озмун ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холӣ дода шуд.

Дар озмун ҳамагӣ 57 вазифаҳои холӣ, аз ҷумла: 4 ҷои корӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 53 ҷойи корӣ дар Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ пешниҳод шуд.

Муфассал...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар давраи омодагӣ ба таҷлили бистумин солгарди қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр пешниҳод мегардад.

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.

Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Ба ибораи дигар, Қонуни асосӣ бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.

Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.

Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.

Дар баробари ин, мо хуб дарк мекунем, ки бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва мушаххасоти геополитикии он, инчунин манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ рӯ ба рӯи мушкилот ва вазифаҳои бузургтаре қарор дорем, ки ҳалли онҳо аз ҳар яки мо диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулонаро талаб менамояд.

Муфассал...

Семинар дар шаҳри Боку

Чоп PDF

Баҳри рушди фаъолияти гумрукӣ бахусус дар тиҷорати хориҷӣ, ки аҳамияти бузурги байналмиллалӣ дорад миёни мамлакатҳои ҳамсарҳад ва ҳамкориҳои гумрукӣ дошта вохурӣ ва семинарҳои муфид баргузор карда мешавад.

Аз ҷумла моҳи равон семинари аввалияи оид ба кӯмаки техникии барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намудем.

Муфассал...

Таъини муовини нави Хадамот

Чоп PDF

Дирӯз бо Фармони Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон подполковники хадамоти гумрук Сироҷиддинович Тоҳир Нуров муовини Сардори Хадамот таъйин гардид. Нуров Тоҳир пеш аз ин Сардории Раёсати ташкилию бозрасии хадамотро ба ӯҳда дошт.

Муфассал...

21.01.2014 Бинои наву замонавии Донишкадаи такмили ихтисос.

Чоп PDF

Бинои наву замонавии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он кормандони соҳа бо шумули роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири фавқуллода ва мухтори Амрико дар Тоҷикистон, кормандони соҳа ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Донишкада моҳи марти соли 2003-юм таъсис ёфта, то имрӯз беш аз кормандони мақомоти гумрукро бо барномаи бозомӯзию такмили ихтисос фаро гирифтааст. Бинои мазкур бо маблағи дуюним миллион доллари амрикоӣ афрохтаву бо таҷҳизоти муосири фанноварӣ таъмин карда шуд, ки имкон медиҳад Донишкадаи мазкур минбаъд бозомӯзиро бо истифода аз усулҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монад.

Донишкада дорои синфхонаҳои омӯзиши технологияи компютерӣ, синфхонаҳои забономӯзӣ, озмоишгоҳ, толори фаро гирифтани таҷрибаи кор бо мусофирон, майдончаи муоинаи гумрукии воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм, ошхона, толори маҷлис, хобгоҳ ва ҳуҷраҳои хизматӣ мебошад.

Сохтори Донишкадаи мазкур имконият фароҳам меоварад, то дар баробари такмили таҳсилоту тахассус дигар чорабиниҳои назариявию амали дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шавад.

Муфассал...

Фаъолияти Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит

Чоп PDF

Дар соли 2013 аз ҷониби Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит, шӯъбаҳо ва бахши назорати баъди барасмиятдарории гумрукии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар натиҷаи омӯзиши маълумотҳои дастрасшуда дар маҷмӯъ 289 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, пардохтҳои гумрукии иловагӣ бо назардошти баҳра ба маблағи 6 319 879 сомонӣ ҳисобида шуда,

Муфассал...

Фаъолияти Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит

Чоп PDF

Дар 9 моҳи аввали соли 2013 аз ҷониби Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит, шӯъбаҳо ва бахши назорати баъди барасмиятдарории гумрукии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар натиҷаи омӯзиши маълумотҳои дастрасшуда дар маҷмӯъ 222 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, пардохтҳои гумрукии иловагӣ бо назардошти баҳра ба маблағи 5 336 482 сомонӣ ҳисобида шуда, пурра ба буҷети давлат ворид карда шудааст.

Муфассал...

Фаъолияти Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит

Чоп PDF

Дар нимсолаи аввали соли 2013 аз ҷониби Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит, шӯъбаҳо ва бахши назорати баъди барасмиятдарории гумрукии раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар натиҷаи омӯзиши маълумотҳои дастрасшуда дар маҷмӯъ 140 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, пардохтҳои гумрукии иловагӣ бо назардошти баҳра ба маблағи 3 194 105 сомонӣ ҳисобида шуда, пурра ба буҷети давлат ворид карда шудааст.

Муфассал...

ШАРИКОН