ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
27
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5696
mod_vvisit_counterДирӯз5977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта35743
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3191239

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Кумаки Хадамоти гумрук ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат

Чоп PDF

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки дар он зиёда аз 300 нафар кӯдаки маъюб тарбия меёбад, кумак расонида шуд.

Муфассал...

Паём – Роҳнамои мо!

Чоп PDF

Имрӯз бо иштироки Роҳбари маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар ва роҳбарияту кормандони Хадамот вохурӣ баргузор гардид.

Дар ин вохурӣ меҳмони гиромӣ Худобердӣ Холиқназар бори дигар моҳияти Паёми имсоларо иброз дошта, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳусусияти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин аст, ки он солҳои охир ба сифати яке аз сарчашмаҳои асосии фаъолияти қонунгузории мақомоти дахлдори давлатӣ шинохта шуда, дар қабули қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи он барои рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши арзанда дорад.

Муфассал...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар давраи омодагӣ ба таҷлили бистумин солгарди қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр пешниҳод мегардад.

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.

Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Ба ибораи дигар, Қонуни асосӣ бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.

Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.

Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.

Дар баробари ин, мо хуб дарк мекунем, ки бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва мушаххасоти геополитикии он, инчунин манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ рӯ ба рӯи мушкилот ва вазифаҳои бузургтаре қарор дорем, ки ҳалли онҳо аз ҳар яки мо диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулонаро талаб менамояд.

Муфассал...

Ҷамъбасти озмун ва қабули 56 нафар ҷавонони лаёқатманд

Чоп PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини баробарҳуқукии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба мансабҳои холӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон, қабули шаҳрвандонро ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озмун ба роҳ монд.

Охири моҳи феврали соли 2014 тибқи «Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармоиши Сардори Хадамоти гумрук таҳти рақами 49-Ф аз 20 феврали 2014 сол, тасдиқ карда шудааст, тавассути васоити ахбори умум, эълонҳо барои гузаронидани озмун ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холӣ дода шуд.

Дар озмун ҳамагӣ 57 вазифаҳои холӣ, аз ҷумла: 4 ҷои корӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 53 ҷойи корӣ дар Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ пешниҳод шуд.

Муфассал...

Семинар дар шаҳри Боку

Чоп PDF

Баҳри рушди фаъолияти гумрукӣ бахусус дар тиҷорати хориҷӣ, ки аҳамияти бузурги байналмиллалӣ дорад миёни мамлакатҳои ҳамсарҳад ва ҳамкориҳои гумрукӣ дошта вохурӣ ва семинарҳои муфид баргузор карда мешавад.

Аз ҷумла моҳи равон семинари аввалияи оид ба кӯмаки техникии барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намудем.

Муфассал...

ШАРИКОН