ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  215
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  704
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  467
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Кормандони Хадамоти гумрук ба курсҳои забони тоҷикӣ ҷалб гардиданд

22.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  93
Донишкадаи такмили ихтисос як воҳиди сохтории Хадамоти гумруки назди...
Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  800
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  777
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  876
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  790
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3255
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
24
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3290
mod_vvisit_counterДирӯз7201
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта21879
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1766694

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Кормандони Хадамоти гумрук ба курсҳои забони тоҷикӣ ҷалб гардиданд

Чоп PDF

Донишкадаи такмили ихтисос як воҳиди сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи нақшаи корӣ ва супоришҳои роҳбарият курсҳои такмили ихтисосро дар самтҳои гуногун ба роҳ мемонад. Аз ҷумла, аз 24 - ум то 26 - уми августи соли ҷорӣ бо мақсади мукаммал гардонидани донишу малакаи кормандони мақомоти гумрук мутобиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамоти гумрук ва ҷиҳати иҷрои банди 4 - уми қарори Шӯрои илмию методии Донишкадаи такмили ихтисос, курси кӯтоҳмуддат дар самти омӯзиши забони давлатӣ барои кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ба роҳ монда шуд.

Муфассал...

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии сардори Раёсати 2 - юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода ва сарнозири ҳамин раёсат Маҷидӣ Абдукарим Асрориён бо ҳайати шахсии мақомоти гумрук баргузор гардид.

Муфассал...

Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

Чоп PDF

В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная Программа УНП ООН и  ВТамО по контролю за контейнерными перевозками Ашита Миттал, Постоянный Представитель УНПООН в ЦА, Амелия Ханнафорд, Глава Офиса УНПООН в Таджикистане, Юсуф Курбонов, Международный Координатор Программы XACK 22, УНП ООН в ЦА, Шахрух Ишанходжаев, Офицер по Очетностям и Мониторингу, УНПООН в Узбекистане, Давлатби Шехова, Старший Ассистент Программы по контролю за контейнерными перевозками, УНПООН в Таджикистане и Мулозода Рустам – Специалист Управления международных организаций МИД РТ с заместителем Таможенной службы Республики Таджикистан Турсунзода Азим Хайдар, Исоев Исо - Заместитель начальника Управления организации борьбы с таможенными правонарушениями, Махкамова Замира – Главный инспектор Управления организации таможенными правонарушениями, Шамсов Бахриддин – Начальник отдела борьбы с контрабандой Управления организации борьбы с таможенным правонарушениями и Старшие инспектор Управления международного таможенного сотрудничества Хайдаров Баракат.

Муфассал...

Баррасии лоиҳаи сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук ва Сафири Ҷумҳурии Фаронса

Чоп PDF

Имрӯз, 5 - уми июли соли 2017 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарама хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид.

Зимни мулоқоти расмӣ, ҷонибҳо бо вазъи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари бо ҳам дӯст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар бахши фаъолияти гумрукӣ, ки он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба роҳ монда шудааст, сӯҳбат карданд.

Муфассал...

Таджикистан является первой страной, который провел исследование времени выпуска (ИВВ) по методологии Всемирной таможенной организации

Чоп PDF

Сегодня в Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями миссии Глобальной Практики Всемирного банка по Торговле и Конкурентоспособности Лизы Кайстнер руководитель глобальной программы, Кристофер Миллер старший специалист по вопросам частного сектора, Стефка Славова ведущий экономист, Зарина Абдулалиева координатор программ, Виолин Конар-Люси старший специалист по вопросам частного сектора и Алиев Алиджон Носиржонович, консультант проекта по Торговой Логистике в Центральной Азии с заместителем Таможенной службы Республики Таджикистан Турсунзода Азим Хайдар и начальником Управления международного таможенного сотрудничества Джурабекзода Эрадж.

 

Муфассал...

Мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Латвия

Чоп PDF

Субҳи имрӯз Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб Сафири Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (намояндагиаш дар шаҳри Тошканд) ҷаноби Эдгаре Бондареро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози сӯҳбат Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб изҳор дошт, ки муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар 25 - сол боз аз ҷониби тарафҳо судманд ва самаранок идома дорад. Вохӯрии имрӯза имконият дод, ки робитаҳои иқтисодии Хадамоти гумрук ва Хадамоти даромади давлатии Ҷумҳурии Латвияро баррасӣ кунанд.

Муфассал...

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Аҳмад Рашод Пупал

Чоп PDF

Имрӯз, 28 - уми июни соли 2017 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Рашод Пупал баргузор гардид.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти гумрук, муҳтарам Абдуфатоҳи Ғоиб меҳмонони олиқадрро барои ташрифашон ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки вохӯрии кории дуҷониба байни намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пурсамар хоҳад буд. Ӯ аз ҷумла изҳор кард: «Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷиикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 - уми марти соли 2014, ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Чоп PDF

Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии ҷашни 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки номзади илмҳои фалсафа, мушовир ва ҳамоҳангсози ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дотсент Рамазонӣ Давлатов дар мавзӯи “Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ” ҷаласаи идона баргузор гардид.

Раҷабов Холмаҳмад, полковники Хадамоти гумрук, сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсиро аз номи Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику таҳният гуфт. Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт:

Муфассал...

Об асоси зиндагист

Чоп PDF

13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии мақомоти гумрук бо мудири шуъбаи ҷуғрофии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҷуғрофӣ, профессор Холназар Муҳаббатов дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба сухан баромада зикр намуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об то имрӯз ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Муфассал...

Рӯзи байналмилалии занон муборак!

Чоп PDF

Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҳусни оғоз бахшида, аз номи Роҳбарияти мақомот ва номи худ ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии занон табрику таҳният гуфт.

Муфассал...

Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд

Чоп PDF

2-юми марти соли равон муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҷаноби Ҳидеки Танабе – Роҳбари навтаъйиншудаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), мулоқот доир намуд.

Нахуст муовини Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар меҳмононро бо вазъи фаъолияти кунунии мақомоти гумруки Тоҷикистон ва сатҳи ҳамкориҳои Хадамоти гумрук бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), шинос намуд.

Муфассал...

Муҳокимаи роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятии муосир

Чоп PDF

Дар соли равон ҳайати намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти сарварии Муовини Директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) Аҳмад Сайф Эл-Давла бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Муовини Директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) Аҳмад Сайф Эл-Давларо дар ин сафари корӣ Дэвид Маккивер, Ребекка Братскар, Ху Ю, Геннадий Лутай, Карнелиа Лудорф, Алнур Тулембаев, Антон Арефиев, Вячеслав Мусихин ва Фейзо Нуманай ҳамроҳӣ намуданд.

Муфассал...

Мақсад - пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа

Чоп PDF

Дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода ва сарнозири ҳамин раёсат Маҷидӣ Абдукарим Асрориён бо ҳайати шахсии мақомоти гумрук баргузор гардид.

Муфассал...

Баррасии масъалаҳои транзитӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ

Чоп PDF

Имрӯз, 14-уми феврали соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро баргузор гардид.

Муфассал...

ШАРИКОН