ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз586
mod_vvisit_counterДирӯз6607
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта586
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3324744

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Латвия

Чоп PDF

Субҳи имрӯз Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб Сафири Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (намояндагиаш дар шаҳри Тошканд) ҷаноби Эдгаре Бондареро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози сӯҳбат Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб изҳор дошт, ки муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар 25 - сол боз аз ҷониби тарафҳо судманд ва самаранок идома дорад. Вохӯрии имрӯза имконият дод, ки робитаҳои иқтисодии Хадамоти гумрук ва Хадамоти даромади давлатии Ҷумҳурии Латвияро баррасӣ кунанд.

Муфассал...

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Аҳмад Рашод Пупал

Чоп PDF

Имрӯз, 28 - уми июни соли 2017 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Рашод Пупал баргузор гардид.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти гумрук, муҳтарам Абдуфатоҳи Ғоиб меҳмонони олиқадрро барои ташрифашон ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки вохӯрии кории дуҷониба байни намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пурсамар хоҳад буд. Ӯ аз ҷумла изҳор кард: «Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷиикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 - уми марти соли 2014, ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...

Об асоси зиндагист

Чоп PDF

13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии мақомоти гумрук бо мудири шуъбаи ҷуғрофии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҷуғрофӣ, профессор Холназар Муҳаббатов дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба сухан баромада зикр намуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об то имрӯз ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Муфассал...

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Чоп PDF

Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии ҷашни 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки номзади илмҳои фалсафа, мушовир ва ҳамоҳангсози ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дотсент Рамазонӣ Давлатов дар мавзӯи “Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ” ҷаласаи идона баргузор гардид.

Раҷабов Холмаҳмад, полковники Хадамоти гумрук, сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсиро аз номи Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику таҳният гуфт. Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт:

Муфассал...

Рӯзи байналмилалии занон муборак!

Чоп PDF

Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҳусни оғоз бахшида, аз номи Роҳбарияти мақомот ва номи худ ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии занон табрику таҳният гуфт.

Муфассал...

ШАРИКОН