ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Июнь 2018
21
Четверг
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня7794
mod_vvisit_counterYesterday7282
mod_vvisit_counterВчера20703
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3344861

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Криминальные Сводки

Пешгирии қочоқи 20 ҳазору 450 килограмм хурмо

Печать PDF

Санаи 4 июни соли 2018 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ, аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, аз ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Р.Ш., воқеъ дар маҳаллаи 3-юми ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ба миқдори 20 ҳазору 450 килограмм меваи хурмои истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дарёфт карда шуд.

Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванд Р. Ш., соли таваллудаш 1987 тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

 

Подробнее...

Ошкор ва пешгирии қочоқи маснуоти заргарӣ

Печать PDF

Санаи 17 майи соли 2018 аз тарафи кормандони Дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и Гумруки Конибодом ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 4249 КВ02, ки ба шаҳрванд Д. М. тааллуқ дорад, 375 адад маснуоти заргарӣ, аз қабили ангуштарин, гӯшвор, занҷира ва дастбандҳои тиллоию нуқрагӣ дарёфт ва мусодира карда шуд, ки номбурда мехост ин миқдор маснуоти заргариро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, тариқи қочоқ берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол диҳад.

Подробнее...

Амалиёти гумрукӣ баҳри пешгирии қонуншиканӣ

Печать PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зиддӣ ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Исфара востиаи нақлиёти тамғаи Портер, рақами қайди давлатиаш 364602 РТ барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт шуд. Дар натиҷаи муоина дар дохили нақлиёт як адад зарфи худсози оҳанин бо 2400 литр сузишвории дизелӣ дарёфт гардид, ки ин миқдор молро шаҳрванд С. Б. истиқоматкунандаи шаҳри Исфара ба марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ интиқол додааст.

Подробнее...

Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Гумруки Панҷи Поён

Печать PDF

Мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор рафта, дар ин самт аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар толори назорати шаҳрвандони Гумруки Панҷи Поёни Раёсати минтақии гумрукӣ дар вилояти Хатлон боз як далели кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тариқи марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Сокинони шаҳри Ҳирот-и Ҷумҳурии Исолмии Афғонистон, Саиди Файз Аҳмад соли таваллудаш 1986 ва Ҷниди Моҳаммад Раҳим соли таваллудаш 1969, ки ҳаракатҳояшон ғайриоддӣ менамуд, аз ҷониби кормандони Гумруки мазкур мавриди боздошт қарор гардиданд.

Подробнее...

Интиқоли ғайриқонунии тамоку

Печать PDF

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи «ДЭУ-лабо» рақами қайди давлатиаш 8311СР02 барои санҷиш боздошта шуд. Дар натиҷаи гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили нақлиёти мазкур тамоку(сигарет) ба миқдори 350000 дона дарёфт карда шуд, ки ин миқдор тамокуро шаҳрванд И.О. соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен ба ҳудудимарзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ интиқол додааст.

Подробнее...

Партнёры