ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Июль 2018
19
Четверг
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня3125
mod_vvisit_counterYesterday5643
mod_vvisit_counterВчера19866
mod_vvisit_counterЭтот месяц80057
mod_vvisit_counterВсе3366888

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Криминальные Сводки

Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

Печать PDF

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд Ғ.Ҷ. соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили ҷуздони ӯ ба миқдори 5 қутии картонӣ иборат аз 460 ададӣ  баробар ба миқдори умумии 1 ҳазору 944 капсулаҳои маводи гуногуни тафгарӣ дарёфт карда шуд, ки ба худи ӯ тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор маводи тарфгариро аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон аз мағозаи «Бишкек» харидори намудааст.

Подробнее...

Пешгирии воридоти 13 ҳазору 285 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

Печать PDF

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 65 82 КК 02 таҳти идораи шаҳрванд П. К., барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашинаи мазкур ба миқдори 29 қутии картонӣ иборат аз 500 ададӣ капсулаҳо ба миқдори умумии 13 ҳазору 285 адад маводи гуногуни тафгарӣ дарёфт гардид.

Подробнее...

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

Печать PDF

Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон-Қирғизистон, дар роҳи автомобилгарди самти «Конибодом-Хуҷанд», дар дидбонгоҳи БДА-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиётии тамғаи «БМВ-520» рақами қайди давлатиаш 07 77 КВ 02, таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.Н., соли таваллудаш 1984 барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони нақлиёти мазкур ба миқдори 7 қуттича (блок), ки дар дохилашон 10 адад қуттичаҳои майдаи маводи тарфгарии намуди «Трения», як қуттича дорои 12 дона маводи тарфгарии намуди «Красная нечисть», 8 қуттича дорои 10 дона, ҷамъ 80 дона маводи тарфгарии намуди Петарды «Чёрная смерт», 2 қуттича (блок), ки дар дохилашон 20 донагӣ, ҷамъ 40 дона маводи тарфгарии намуди «Цай Ван Лэй», 10 қуттича дорои 12 донагӣ, ҷамъ 120 дона маводи тарфгарии намуди «Маленькая пчёлка», 1 қуттича дорои 72 донагӣ, намуди фейерверк «Соловей разбойник», 2 бастаи селофани дорои 4 донагӣ, ҷамъ 8 дона оташфаввора «Золотой песок» ва 4 адад оташфавораи намуди «Двоедрагуна»-и маводи тарфгарии истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт карда шуд, ки ба шаҳрванд Ю.Н., тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор маводҳои тарфгариро аз деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.

 

 

Подробнее...

Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

Печать PDF

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ, дар роҳи мошингарди ноҳияҳои Ҷаббор Расулов - Спитамен бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ, воситаҳои нақлиёти тамғаи «Зил» ва DAF рақми қайди далатиашон 2727СН02 ва 7412DO02 - ро барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Подробнее...

Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

Печать PDF

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳ. Ш. автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел» рақами қайди давлатиаш 67 58 ВЕ 01-ро дар саҳни ҳавлии маркази савдои «Тоҷикистон» ҷойгир намуда, пинҳонӣ аз дохили автомашина барои мизоҷон телефонҳои мобилии гаронарзишро гирифта дар маркази савдои номбурда ба фурӯш мебаровардааст.

Подробнее...

Партнёры