ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
Ulti Clocks content

Маълумоти криминалӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

15.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  347
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати...
Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

14.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  360
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Кочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб мусодира карданд

13.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  312
Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

23.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  111
Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба...
Об асоси зиндагист

17.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1620
13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди...
Рӯзи байналмилалии занон муборак!

07.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1729
Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2216
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

19.07.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3913
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

25.01.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  6152
Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Боду ҳаво

Тақвим

Июн 2017
27
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5734
mod_vvisit_counterДирӯз7292
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5734
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1374546

Соҳибкори инфиродӣ бо 12 адад контейнер.

Чоп PDF

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян карда шуд, ки дар дохили 12 адад контейнерҳои ба соҳибкори инфиродӣ Шомуродова Ҳ. истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, тааллук дошта, воқеъ дар ҳудуди бозори «Азиз»-и ш.Чкалов ба миқдори 187 адад мошинаҳои ҷомашӯии гуногун ба маблағи 106 656 сомонӣ,

Муфассал...

РМГ дар вилояти Суғд муборизаро алайҳи қочоқ пурзур менамояд

Чоп PDF

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд баҳри пешгирӣ намудани интиқоли ғайриқонунии мол ва воситаҳои нақлиёт дар чор моҳи соли равон як қатор чораҳо андешид. Дар ин давра 1085 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва чор ҳолати ҷиноятро ошкор ва ба қайд гирифтааст.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима ба маблағи 782710 сомонӣ таъйин гардида, мол ба маблағи 28089 сомонӣ мусодира карда шудааст. Ҳамчунин ба маблағи 16153355 сомонӣ аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуда ба буҷаи давлат интиқол дода шуд.

Муфассал...

Вуруди ғайриқонунии сигаретаи тамғаи «ESSE»

Чоп PDF

Дар гумруки Панҷи-поён ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон Кенҷаев Асадулло Раҳматуллоевич тааллуқ дошт дар зери халтаҳои маводи ғизоии шакар ба миқдори 300 баста, яъне дар маҷмуъ 3000 қуттича сигаретаи тамғаи «ESSE»-и истеҳсоли давлати Корея дарёфт ва мусодира карда шуд. Номбурда мехост ин миқдор маводи тамокугиро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ва пинҳонӣ бо мақсади тиҷорат ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.

Муфассал...

Дарёфти сементҳои қирғизӣ бидуни назорати гумрукӣ

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз ду анбори хоҷагии деҳқонии деҳаи Овчӣ-Қалъачаи н. Бобоҷон Ғафуров сементи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон ба миқдори умумии 572 900 кг дарёфт гардид, ки арзиши 538 526 сомониро ташкил медод.

Муайян карда шуд, ки моли мазкур ба шаҳрванд Қодиров Дилшодҷон с.т. 1984, истиқоматкунандаи н. Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, ин миқдор молро аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.

Муфассал...

240 шиша арақи Кабаева аз сарҳад нагузашт

Чоп PDF

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-Арт» воситаи нақлиёти тамғаи «Зил-130 рақами қайди давлатияш В 9377 А мавриди муоинаи гумрукӣ қарор дода, аз доҳили он 240 шиша арақи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Кабаева Элмира тааллуқ дошт, ошкор ва пешгирӣ гардид, ки Кабаева мехост бидуни бақайдгирӣ ва назорати гумрукӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.

Муфассал...

Воридоти ғайриқонунии нуриҳои минералӣ

Чоп PDF

Санаи 12-уми марти соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ноҳияи Б. Ғафуров, воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Қирғизистон барои муоинаи гумрукӣ боздошт шуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур нуриҳои минералии намуди «Селитра» ба миқдори 24 000 кг ва намуди «Карбамид» ба миқдори 96 000 кг истеҳсоли Ҷумҳурии Узбакистон, ки миқдори умумияшон 120 000кг-ро ташкил медод, дарёфт шуд.

Муайян карда шуд, ки молҳои мазкур ба шаҳрвандон Муқумов Мирфаёз с.т 1984 сокини ш. Истаравшан ва Абдушукуров Абдусалом сокини н. Б. Ғафуров тааллуқ дошта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави гумрукии кишвар бо роҳҳои ғайрирасми бидуни пардохтҳои гумруки ворид намудаанд.

Муфассал...

Интиқоли ғайри қонуни асъори хориҷӣ

Чоп PDF

Санаи 12 марти соли равон дар натиҷаи гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри самти Душанбе-Машҳад шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоева Кибриёхон, соли таваллудаш 1968, истақоматкунандаи шаҳри Душанбе миллаташ уйғур, 37 207 (сиюҳафт ҳазору дусаду ҳафт доллари ИМА) ва 350000 (сесаду панҷоҳ ҳазор) асъори хориҷии тумани Ҷумҳурии исломии Эрон дарёфт карда шуд, ки ягон намуд декларатсияи хаттӣ ба гумрук пешниҳод накардааст.

Муфассал...

Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ҷиноят аст!

Чоп PDF

Санаи 8-уми феврвли соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ноҳияи Ҷ. Расулов воситаи нақлиёти «Камаз» боздошта шуда, мавриди тафтиши гумрукӣ қарор дода шуд.

Муфассал...

Хабарҳо аз гумруки Суғд

Чоп PDF

Кормандони РМГ дар вилояти Суғд пайваста амалиётҳои фаврии гумрукӣ гузаронида, чанд далели ғайриқонунӣ ворид намудани маводҳои сӯзишворӣ ва дигар намуди молҳои таҳтиаксизиро ошкор намудаанд.

Муфассал...

Мусодираи «афюн» дар Бадахшон

Чоп PDF

Санаи 21-уми январи соли ҷорӣ зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони гумруки «Хумроғӣ» дар ҳамкорӣ бо кормандони ШКД-и ноҳияи Дарвоз дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Зулфиқор истиқоматкунандаи ноҳияи Ванҷ бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи «афюн» дар ҳаҷми умумии 9кг 456гр дастгир гардид.

Муфассал...

Ошкори дорувории зараровар

Чоп PDF

Санаи 2-юми феврали соли равон дар натиҷаи гузаронидани чораҳои махсус баҳри пешгирии воридоти дорувории пастсифат шаҳрванд Маҷидов Ятим истиқоматкунандаи ш. Душанбе бо гумони даст доштан дар воридоти чунин маводҳо боздошт гардид.

Номбурда маводҳои дорувории Амоксицилин – 992 қуттӣ, Ацетамол – 392 қуттӣ, ва Руфен – 41 қуттӣ, ки маблағи умумияш 23 306 доллари ИМА-ро ташкил медод, аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ворид намуда дар дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и гумруки Қурғонтеппа ҷойгир менамояд.

Муфассал...

Пешгирии ғайриқонунии прекурсорҳо

Чоп PDF

Пешгирӣ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва маводҳои кимёвие, ки барои истеҳсоли он истифода мегардад яке аз масъалаҳои умдатарини ҷомеъаи ҷаҳонӣ бахусус кормандони ҳифзи ҳуқуқ гардидааст. Дар ин самт аз тарафи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо як қатор тадбирҳои иловагӣ андешида шудаанд.

Муфассал...

Пиёзҳои сеҳрнок

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон пайваста баҳри пешгирии гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, молҳои зераксизӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ чораҳои зарурӣ андешида мавриди амал қарор дода мешаванд.

Дар минтақаи назорати молу воситаҳои нақлиёти гумруки Панҷи-Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти «Мерседес» рақами қайди давлатиаш ТҶ 58-67 ЕА, ки ба Саидҷалол Саидов сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тааллуқ дошт бо гумони дар бордони автомашина доштани маҳсулоти тамокугӣ мавриди боздошт қарор гирифт.

Муфассал...

Нобудсозии 22 000 кило банан

Чоп PDF

Яке аз самтҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки бозори истеъмолии мамлакат аз ҳаргуна маҳсулоти бесифат ва ғайристандартӣ эмин бошад.

Мутааcсифона, баъзан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои интиқол ва нигоҳдории маҳсулот ба қаламрави ҷумҳурӣ молҳои пастсифату ба саломатии инсон зараровар ворид мегарданд.

Муфассал...

ШАРИКОН