ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
20
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5577
mod_vvisit_counterДирӯз7090
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5577
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3560061

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Маълумоти криминалӣ

08.03.2013 Героин дар фурудгоҳ.

Чоп PDF

Кормандони гумруки Фурудгоҳи байналмиллалии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе боз ду ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Кормандони мақомоти гумруки кишвар аз аввали соли ҷорӣ ҳашт ҳодисаи кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Ин дафъа кормандони гумруки «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайрҳои № 4863, №627 самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Москва ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд.

Муфассал...

Хабар оид ба пешгирии қочоқи сӯзишворӣ

Чоп PDF

Дар нимсолаи аввали соли 2012 аз ҷониби кормандони РМЗ ҲГ- и Хадамоти гумрук 2 ҳазору 896 ҳодисаҳои қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133 ҳолат зиёд мебошад.
Дар ин давра 428 ҳолати интиқоли ғайриқонунии молҳои зераксизӣ аз он ҷумла маснуоти заргарӣ ва тилловорӣ 3 ҳолат, маҳсулоти тамоку 27 ҳолат, маҳсулоти спиртӣ 92 ҳолат, маҳсулоти сӯзишворӣ 183 ҳолат ва дигар намуди молҳои зераксизӣ 123 ҳолат ошкор карда шуданд.

Муфассал...

14.02.2011 Тагпӯш аз героин.

Чоп PDF

Интиқол ва истеъмоли маводи марговари мухаддир яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад, ки ҳалли он тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Зеро бар асари он ҳамасола дар сайёра 100-ҳо нафар ҷони худро аз даст дода, 1000-ҳо тифлакон бепадару хамин теъдод оилаҳо вайрону бесаробон мегарданд. Ба хотири пешгирӣ намудан аз таҳдиди ин маризии мушкилдаво тамоми кишварои ҷаҳон муборизаи дастаҷамъонаро ба роҳ мондаанд.

Муфассал...

17.07.2011 Пешгирии қочоқи маводи мухаддир.

Чоп PDF

Кормандони гумруки фурудгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайрҳои рақами 631 самти Душанбе-Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Насридинова Тахмина соли таваллудаш 1978-ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд.

Муфассал...

28.01.2011 Кӯзаҳои қадима.

Чоп PDF

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кормандони мақомоти гумрук дар баробари пешгирии ҳамагуна қонуншикани дар соҳаи гумрук аз ҷумла интиқоли ғайриқонунии ашёҳои дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ доштаи кишвар мебошад. Мувофиқи қонунгозории ҷории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ҳаргуна предметҳои дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ дошта аз сарҳади гумрукии ҷумҳурӣ бе иҷозатномаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Муфассал...

ШАРИКОН