ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3622
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17388
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90734
mod_vvisit_counterҲамарӯза3716372

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Маълумоти криминалӣ

Пешгирии воридоти ғайриқонунии ангишт аз Қирғизистон

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи “Зил” рақами қайди давлатиаш АБ 2087 РТ 02, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 5 ҳазор килограмм ангишти истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Р.Қ. соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро аз ҳудуди ноҳияи Ҷабор Расулов аз як шахсӣ ба ӯ ношиноси қирғиззабон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидори намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ интиқол диҳад.

Муфассал...

Боздошти ашёи истифодашуда ва нав дар нақлиётҳои тамғаи "Даф"

Чоп PDF

Ҳангоми амали намудани назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и гумруки Исфара шаҳрванд К.Ш. барои ворид намудани молҳои хоҷагии пеш мавриди истифода қарор дошта тавассуги нақлиётҳои тамғаи "Даф" рақами қайди давлатиашон 09 KG 822 AA G ядаки он 024 ВТ ва В 9708 AZ, ядак он 615BW ба гумрук муроҷиат карданд.

Тибқи дархости онҳо эъломияҳои гумруки №762221/161017/0005160 ва №762221/161017/0005160 тартиб дода шуд. Ҳангоми пурсиш шаҳрванд К.Ш. аз мақомоти гумрук молҳои ба мақсади тиҷорат ворид кардаашро дар зери молҳои қаблан истифодашуда пинҳон намуда бо ин мақсад мехост ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид намояд.

Муфассал...

Ошкор намудани моли ғайриқонунӣ дар анбори ҶДММ «Заводи равғанбарории Исфара»

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Гумруки Исфара-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёт дар якчоягӣ бо кормандони прокуратураи шаҳри Исфара дар анбори ҶДММ «Заводи равғанбарории Исфара» воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 71, ки аз тарафи шаҳрванд Р.С. мавриди истифодабари қарор дорад, аз муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд.

Муфассал...

Пешгирии воридоти ғайриқонунии пиёз бо “Мерседес-Бенс”

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёт дар наздикии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами қайди давлатиаш 95 00 СТ 02 РТ, таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.М. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 8 ҳазор килограмм сабзавоти намуди пиёз, дарёфт гардид, ки моли мазкур ба худи ронанда шаҳрванд Ҳ.М. соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара тааллуқ доштааст.

Муфассал...

Пешгирии воридоти ғайриқонунии мол ба маблағи 455 ҳазору 783 сомонӣ дар роҳи автомобилгарди «Истаравшан-Хуҷанд»

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд санаи 7-уми октябри соли 2017 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи автомобилгарди «Истаравшан-Хуҷанд» наздикии маҳаллаи Ғаламайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи Камаз-53212 рақами қайди давлатиаш 5497 АО 02 таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон У.М. барои муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумруки муайян гардид, ки дар бордони нақлиёти мазкур молҳои гуногуни хоҷагӣ аз ҷумла: чархҳо барои буридани оҳан 57 ҳазору 650 адад, масолеҳи сохтмонии сангӣ 180 адад, қубури рахдори резинӣ 27 ҳазору 400 метр, қуборчаи резинӣ барои газ 13 ҳазору 250 метр, таҷҳизоти барқӣ 31 ҳазору 850 дона, мех-дюбл 691 килограмм, сепаратор 98 дона ва зарфҳои обҷӯшонак 3 ҳазор дона дарёфт карда шуд.

Муфассал...

ШАРИКОН