ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
Ulti Clocks content

Маълумоти криминалӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

15.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  347
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати...
Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

14.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  360
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Кочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб мусодира карданд

13.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  312
Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

23.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  111
Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба...
Об асоси зиндагист

17.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1620
13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди...
Рӯзи байналмилалии занон муборак!

07.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1729
Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2216
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

19.07.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3913
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

25.01.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  6152
Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Боду ҳаво

Тақвим

Июн 2017
27
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5732
mod_vvisit_counterДирӯз7292
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5732
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1374544

Қонуншиканӣ пешгирӣ карда шуд.

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амлиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз ҳавлии шаҳрванд Д. Н. воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати деҳоти Ғозиён маводи хӯрокворӣ аз қабили қанди навъи «Кармелкино», «Дюшес», «Бим- Бом»- и истеҳсоли Ҷумҳурии Украина, консерваҳои гӯштии истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон, равғани зайтуни истеҳсоли Туркия, нахӯди сабзи навъҳои «Агростар», «Экостар» ва «Экос»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Молдова, консерваҳои навъи «Сайра», ҷуворимаккаи ширини истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой, шпроти навъи «Голд»-и истеҳсоли Латвия, шоколади навъи «Вечер», қиёми шири навъи «Варёнка» ва консерваи гӯшти гӯсфанди истеҳсоли Россия ба миқдори зиёд дарёфт карда шуд.

Муфассал...

Боздошти нашъаҷаллоб бо 2 килограмму 594 грамм “ҳашиш”

Чоп PDF

27 сентябри соли 2016 аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон шаҳрванд А.Н. соли таваллудаш 1975 дастгир шуд.

Ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки шаҳрванд А.Н. даст ба ҷиноят зада, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шахсони ба мақомоти таҳқиқ номаълум бо мақсади ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол намудан ва ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъаовар машғул шудаанд.

Муфассал...

Доруфурӯш ба мақсад нарасид

Чоп PDF

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воридот ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои дорувориро ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки намояндаи тиҷоратии филиали ширкати «Курамакс» ЛТД шаҳрванд И.Г. соли таваллудаш 1964, бо мақсади муомилоти ғайриқонунии маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраргашта ҷавобгӯ набударо бо маслиҳати пешакӣ аз кормандони ҶДММ «Файзалӣ С» ва Баҳриддин ном шахс, сокини шаҳри Истаравшан бар ивази маблағи қарзи пулӣ қабул намуда, онҳоро бар хилофи талаботи стандартҳои меъёрию-ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияти фармасевтӣ амалкунанда, дар ҷои нигаҳдории воситаи нақлиёт (гараж)-и иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи И.Нарзиқулов З-и шаҳри Душанбе, ки дар онҷо системаи ҳавотозакунӣ, рафҳои нигаҳдории қабатӣ, дастгоҳи шамолдиҳанда (кондитсионер) ва яхдонҳо тамоман мавҷуд набуданд, бо мақсади минбаъд ба муомилот баровардан ғайриқонунӣ ҷойгир менамояд.

Муфассал...

2 миллиону 147 ҳазору 109 сомонӣ зарари моддӣ ба давлат

Чоп PDF

Кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳодисаи қонуншиканӣ дар соҳаи гумрукро ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Хангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс Атеко», рақамҳои қайди давлатиаш TJ 28-39 СЕ 01 таҳти идораи шаҳрванд Ҳ.З. боздошт гардид.

Муфассал...

Даромади муфт беҳтар аз саломатии инсон

Чоп PDF

Ошкор ва пешгирии як ҳодисаи қонуншиканӣ аз тарафи кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Дулон» рақамҳои қайди давлатиаш А В 391 таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин боздошт гардид.

Муфассал...

Нобудкунии ананас ва манго таҳти низоми гумрукӣ

Чоп PDF

Дар асоси дастури роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва муроҷиати ҶДММ «Ҳоҷӣ Аслон» азназаргузаронии гумрукии моли ба қаламрави гумрукӣ воридшуда ва қабули низоми гумрукии «Нобудкунӣ» нисбати моли воридшуда анҷом дода шуд.

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи омӯзиш ва баррасии ҳуҷҷатҳои тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи гумрукии ба мақомоти гумрук пешниҳодшуда маълум карда шуд, ки тибқи декларатсияи транзитии дохилӣ, тавассути воситаи нақлиёти боркаш рақами қайди давлатиаш 8944 МR3158 аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба унвони ҶДММ «Ҳоҷӣ Аслон» ба маблағи 19 995 доллари ИМА ба миқдори 21 732 кг мевагӣ (себ, нок, аплесин, ананас, анор, манго) ба қаламрави гумрукӣ ворид карда шудааст.

Муфассал...

Амали соҳибкори қонуншикан ошкор гардид

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қонуншиканӣ ошкор ва пешгирӣ гардид.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян гардид, ки соҳибкори инфиродӣ С.З. даст ба содир намудани ҷиноят зада, истеҳсол, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва ба муомилот баровардани молу маҳсулоти тамғаношударо, ки ҳатман бояд бо марказҳои боҷи аксизӣ, махсус ё аломатҳои мутобиқатии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда тамға карда шаванд, ба роҳ мондааст.

Муфассал...

Барасмиятдарории тилло, нуқра ва мисс дар Гумруки «Майдони ҳавоӣ»

Чоп PDF

Кормандони Гумруки «Майдони ҳавоӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе аз 1 июл то 5 августи соли равон ба миқдори 58284,6 грамм маснуотҳои заргариро ба маблағи 552180,9 сомонӣ барасмияти гумрукӣ дароварданд, ки аз инҳо 25320,85 грамм тилло, 22338,16 грамм нуқра ва 10625,6 граммашро маснуоти ғайриқиматбаҳои мис (бижутерия ) ташкил медиҳад.

Муфассал...

Пешгирии хариду фурӯши икона ва ордену медалҳо

Чоп PDF

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як далели хариду фурӯши ашёҳҳои таърихиро ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як далели хариду фурӯши ашёҳҳои таърихӣ ошкор карда шуд. Сокини шаҳри Қурғонтетта Т.Б. ҳангоми ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардани 3-адад «икона» ва 19-адад ордену медалҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ мавриди боздошт қарор гирифт.

Муфассал...

Хариду фурӯши «Симоб» пешгирӣ гардид

Чоп PDF

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як далели хариду фурӯши моеъи заҳролуди «Симоб»-ро, ки ба саломатии инсон ва муҳити зист хатари беандоза дорад, ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ сокини шаҳри Қурғонтеппа С.М. ҳангоми ба фурӯш баровардани маводи моеъи нуқрафом, ки ба моддаи кимёвии «Симоб» монанд буд, боздошт карда шуд.

Муфассал...

Ошкор ва пешгирии 32,5 тонна шакари беборхат

Чоп PDF

Санаи 13 июли соли равон шаҳрванд Р.Х., соли таваллудаш 07.11.с.1989, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо Ҷ. ном шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот тарафҳо ба хулосае омаданд, ки тариқи қочоқ ва пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави кишвар маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла шакар ворид намоянд.

Сипас Р.Х., тавассути ду автомашнаи боркаш, ки тамға ва шахсияти ронанда маълум карда нашудааст, аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон 650 халта шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Озорбойҷонро, ки вазни ҳар як халта 50 кг буда, дар маҷмӯъ 32500 кг-ро ташкил медиҳад, бо роҳи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ба ҳудуди ҶДММ «Сано»-и шаҳри Хуҷанд, барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ғайриқонунӣ ворид намуд.

Муфассал...

Боздошти шаҳрванди хориҷӣ бо 13 кг 842 гр маводи нашъаовар

Чоп PDF

Дар натиҷаи як амалиёти густурда аз тарафи кормандони гумруки Панҷи-Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо кормандони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун боз як кӯшиши интиқоли ғайриқонунии миқдори махсусан калони маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Муфассал...

207 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд

Чоп PDF

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2016-ум 207 ҳолати қонуншиканиро ба қайд гирифтанд, ки аз инҳо 1 адад ҳолати ҷиноят ва 206 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи гумрук мебошанд.

Нисбати ҳолатҳои ошкоршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 235 364 сомонӣ ҷарима гузошта ва ситонида шудааст.

Муфассал...

Воридоти ғариқонунии молҳои ниёзи мардум пешгирӣ гардид

Чоп PDF

Кормандони гумруки Хуҷанди Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд боз як қонунвайронкунии гумрукиро ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Санаи 5 июли соли 2016 тахминан соати 02.30 дақиқа ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ кормандони гумруки Хуҷанд дар минтақаи наздисарҳадии роҳи мошингарди самти Бобоҷон Ғафуров - Ҷаббор Расулов, дар назди деҳаи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаҳои нақлиётии тамғаҳои Газел, рақамҳои қайди давлатиашон ЕО 8730 РТ 02 ва 2205 ЕА 02-ро, ки таҳти идораи шаҳрвандон К.И., ва К.М. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт намуданд.

Муфассал...

ШАРИКОН