ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  84
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  121
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  467
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  441
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1901
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1777
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4385
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
22
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5102
mod_vvisit_counterДирӯз8115
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта64047
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2182486

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ворид намудани тахта

Чоп PDF

Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ду воситаи нақлиёти тамғаи "Долун" рақамҳои қайди давлатиаш АК 13 36 01 ва СЕ 24 67 01 барои азназаргузаронии гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки шаҳрванд Ю.Т. ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт аз Ҷумҳурии Қирғизистон масолеҳи сохтмонии тахтаро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

Муфассал...

Воридоти ғайрирасмӣ қиёми шоколад

Чоп PDF

Дар рафти гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар истгоҳи нақлиёти боркаши наздикии мағозаи «Баҳор» -и шаҳри Исфара дар дохили бордони нақлиёти тамғаи «Мерседес - бенс атеко» ба миқдори 5 ҳазор килограмм қиёми шоколади истеҳсоли Федератсияи Россия дар зарфҳои пласмасии ғунҷоишашон 20 килограмм, дарёфт гардид.

Муфассал...

Бидуни назорати гумрукӣ интиқол намудани қаланфур

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи нақлиётии гардиши Конибодом - Хуҷанд воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес - Бенс», рақами қайди давлатиаш 40 83 ЕА 02 таҳти ронандагии шаҳрванд Б. А., соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Нофароҷ қарор дошт, барои муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Муфассал...

Кушиши ғайриқонунӣ ворид намудани 40 тонна сӯзишворӣ

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи самти Душанбе - Хуҷанд, воқеъ дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад воситаи нақлиёти тамғаи "Шанси" бо рақами қайди давлатии 74 32 ВС 03 ва 89 64 AT 03 барои муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Муфассал...

Тариқи қочоқ ворид намудани 129 адад молҳои маишӣ ва техникӣ

Чоп PDF

Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар роҳи мошингарди самти «Конибодом - Хуҷанд» дар назди бозорчаи «Вохӯрӣ» - и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес - бенc атего» рақами қайди давлатиаш 2119 АО 02 таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. М., соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ҳ. Усмонов, қарор дошт, барои муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Муфассал...

Бидуни назорати гумрукӣ ворид намудани «Тойота - Камри»

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар роҳи мошингарди самти «Исфара - Хуҷанд» дар назди бозорчаи «Вохӯрӣ» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота - Камри», соли бароришаш 2016 рақами транзитии давлатиаш B5961BTJ07 таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон О. И., соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, шаҳраки Курушкада қарор дошт, бapoи муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Муфассал...

Ба даст овардани даромади муфт

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Н. Н. ва Ш. У. дар асоси ваколатнома, ҳамчун намояндагони ҶДММ "Ирфон - Рустам" фаъолият намуда, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон барои ба даст овардани даромади муфт, воситаи нақлиёти тамғаи "Шакман" рақами қайди давлатиаш 705 ХН 01 бо ядакаш ва нақлиёти тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиаш 706 ХН 01 бо ядакаш аз Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 8 номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили матоъҳои занона, ҷуробҳои кӯдакона, рӯйпӯш барои хоб, масолеҳи сохтмонӣ, тунука, электрод, тухмипошаки ҷуворимакка ва кафелро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намуданд.

Муфассал...

Бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориднамудани маҳсулоти ниёзи мардум

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Н. Ф., соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, ҳамчунин намояндаи ширкати ҶДММ «Юнайтед - Терминал» дар асоси ваколатнома, бо маслиҳати пешакӣ барои ба даст овардани даромади

Муфассал...

Тамғаҳои аксизии худсохти маҳсулоти тамоку ошкор карда шуд

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз дӯконҳои савдои бозори «Фаровон» - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкорони инфиродӣ А. С., соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, ва Д. А., соли таваллудаш 1986, сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, тааллуқ доранд, ба микдори 22 ҳазор қуттӣ маҳсулоти тамокуи тамғаи «ESSE» ва «PINE» - и истеҳсоли Ҷумҳурии Корея бо аломатҳои тамғагузории аксизии худсохт, дарёфт карда шудааст.

Муфассал...

Дарёфти 11 ҳазор килограмм моҳии «Минтай»

Чоп PDF

Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар ҳудуди анбори ҶДММ «Ҷоми - Ҷам» - шаҳри Бӯстон ду адад воситаи нақлиёти тамғаи «Зил» қайди рақами давлатиашон 01 39 ЕЕ 02 ва 17 40 СН 02 таҳти идораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. В. ва Ғ. А. қарор доштанд барои муоинаи гумрукӣ боздошт гардиданд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ муайян карда шуд, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур ба миқдори 11 ҳазор килограмм моҳии яхкардашудаи намуди «Минтай» - и истеҳсоли Федератсияи Россия дарёфт карда шуд, ки мехостанд ин миқдор молро ба анбор ҷойгир намоянд.

Муфассал...

Бидуни назорати гумрукӣ ворид намудани 170 ҳазору 50 килограмм шакар

Чоп PDF

Санаи 19 – уми марти соли 2017 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар якҷоягӣ бо кормандони гурӯҳи кории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз анбори корхонаи яхмосбарории соҳибкори инфиродӣ У. А. воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонов, ба миқдори 133 ҳазору 350 килограмм шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон ва 36 ҳазору 700 килограмм, шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон мусодира гардид.

Муфассал...

Ҳашиш дар калӯш

Чоп PDF

Санаи 9 - уми марти соли ҷорӣ аз тарафи кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ шаҳрванд М. М., соли таваллудаш 1969, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Тоҷикобод, бо гумонбарӣ дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ба соҳибияти каси дигар додани онҳо дастгир гардид.

Дар вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии муваққатиаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Ғуломов аз дохили плитаи барқӣ як ҷуфт калӯши резинӣ, ки дар дохилаш ду адад бастаи селофании рангаш сиёҳи дар дохилаш хамираи сахти рангаш сиёҳу сабзчатобӣ бӯи махсусдошта, мавҷуд буд, дарёфткарда шуд.

Муфассал...

Ошкор ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии масолеҳи озуқаворӣ таҳти унвони “ламинат”

Чоп PDF

Кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе санаи 26 - уми феврали соли равон, тахминан соатҳои 13 30 дақиқа, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, воқеъ дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес - Бенс - Атеко”, рақами қайди давлатиаш TJ 27 - 08 DD 02 - ро, ки таҳти идораи ронанда Б. А., соли таваллудаш 1979, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, қарор дошт, барои гузаронидани санҷиши қонунияти воридоти мол нигоҳ доштанд.

Муфассал...

Интиқоли ғайриқонунии маҳсулотҳои нафтӣ аз қабили сӯзишвории «бензин»

Чоп PDF

Санаи 8 - уми марти соли 2017 ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи самти Душанбе - Хуҷанд, воқеъ дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воситаи нақлиёти тамғаи «Фотон», рақами қайди давлатиаш ТJ 91 - 29 АD 02 таҳти идораи шаҳрванд Ҷ. Э. боздошт карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронӣ муайян гардид, ки дар дохили зарфи оҳанини махсусгардонидашудаи воситаи нақлиёти мазкур (автоцистерна) маҳсулоти нафтӣ мавҷуд мебошад, ки бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мувофиқат наменамояд.

Муфассал...

ШАРИКОН