ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

18.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  12
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Пешгирии воридоти 13 ҳазору 285 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

16.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  117
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  44
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  296
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  341
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  709
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2598
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2386
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5120
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1820
mod_vvisit_counterДирӯз1983
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1820
mod_vvisit_counterДар ин моҳ73088
mod_vvisit_counterҲамарӯза2481834

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти китобҳои шубҳанок

Чоп PDF

Аз ҷониби кормандони Гумруки “Панҷи-Поён”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, дар толори азназаргузаронии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Ҳ.А. бо гумони дар боғоҷи дастии худ доштани китобҳои динии шубҳанок мавриди боздошт қарор дода шуд.

Муфассал...

Боздошти 35 000 қуттича сигаретаҳои тамғаи «PINE»-и беборхат

Чоп PDF

Таърихи 24 феврали соли ҷорӣ дар Гумруки “Панҷи-Поён”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти тамғаи «ДАФ», рақами қайди давлатиаш ТҶ 42-06 РР 01, ронандааш Г.Н. бо ҷурми дар бордони автомашина доштани маводи тамоку мавриди боздошт қарор гирифт.

Муфассал...

Интиқоли ғайриқонунии 3 килограмму 905 грамм маводи нашъаовар пешгирӣ гардид

Чоп PDF

Кормандони Гумруки «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар толори азназаргузаронии шаҳрвандони Гумруки «Панҷи Поён» ҳангоми гузаронидани муонаи гумрукии шаҳрванди Давлати Исломии Афғонистон, истиқоматкунандаи вилояти Ҳирот Ҷамшед Носир, соли таваллудаш 1992, бо гумони дар боғоҷи дастиаш доштани маводи монанд ба маводҳои нашъаовар мавриди бозошт қарор гирифт.

Муфассал...

Дарёфти 12 935 кг маҳсулоти қаннодии бесифат

Чоп PDF

Санаи 13-уми феврали соли 2017 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар анбори нигоҳдории соҳибкори инфиродӣ Ю.И., сокини шаҳри Душанбе, ба миқдори 12935 кг маҳсулоти қаннодӣ, ки муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта шудаанду санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмол надоранд, дарёфт карда, гирифта шуд.

Муфассал...

651 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуд

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, соли 2016 651 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки 14 ҳолати он марбут ба ҷиноят аст. Аз ҷумла, нисбати шаҳрвандон:

Муфассал...

Қочоқи қисмҳои эҳтиётии автомашинаи сабукрав ба маблағи 1 108 705 сомонӣ ошкор гардид

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки шаҳрванд Б.Ҷ. даст ба содир намудани ҷиноят зада, мол ва ё дигар предметҳоро ба таври қочоқ ва ба миқдори калон, бидуни назорати гумрукӣ ва бо роҳи фиреб тартиб додани ҳуҷҷатҳо, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамояд.

Муфассал...

Боздошти «Тойота ленд Крузер-200»

Чоп PDF

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ автомашинаи тамғаи «Тойота ленд Крузер-200», рангаш сиёҳ, соли бароришаш 2016, рақами қайди давлатиаш Н842 СО 0777-ро, ки таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Султони Муҳаммад Наим қарор дошт, дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ки ба самти сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равон буд, муайян ва боздошт намуданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои гумрукӣ маълум гардид, ки автомашинаи мазкур аз тарафи шахсони номаълум, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ва ба таври қочоқ ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Муфассал...

Тири ҷинояткор ба ҳадаф нарасид

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти густурда сокини шаҳри Қурғонтеппа С.Д. ҳангоми ба сокини ноҳияи Вахш Ю.Ш. додани бастаи селофании шубҳанок мавриди боздошт қарор гирифт.

Дар рафти гузаронидани муоинаи шахсии С.Д. аз даруни киссаи тарафи чапи ӯ як адад бастаи селофании рангаш сиёҳ, ки дохили он хамираи қаҳваранги монанд ба маводи мухаддираи навъи афъюн дарёфт гардид.

Муфассал...

Ошкор ва пешгирии маҳсулоти ба саломатии инсон зараровар

Чоп PDF

Раёсати минтақавии гумруки дар шаҳри Душанбе баҳри пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани молу маҳсулотҳои тарики қочок ба худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, инчунин аз муомилот гирифтани молу маҳсулотҳои пастсифат ва ба саломатии шаҳрвандон хатардошта як қаттор чорабиниҳоро ба анҷом расонидааст.

Аз ҷумла директори генералии ҶДММ «Кишвар-2010» шахрванд Зарифи Маҳмадшариф аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон ба содир намудани ҷиноят даст задааст, ки моҳияти он аз дидаю дониста нигоҳ доштан, ба фурӯш баровардани маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ намебошад, иборат аст.

Муфассал...

Ошкор ва пешгирии воридот ва фурӯши ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Директори генералии ҶДММ «Азия-Сет» шаҳрванд Б.Ҳ., соли таваллудаш 1971 қасдан даст ба содир намудани ҷиноят зада, тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори калон молу маҳсулотро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид намудааст. Чунончӣ, ӯ тахминан аз моҳи майи соли 2016 то миёнаҳои моҳи ноябри соли 2016 аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба воситаи фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе шахсан ва ба воситаи мусофирони шахсияташон номаълум тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва боркашон аз самти шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон миқдори зиёди телефонҳои мобилии гаронарзишро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намуда, онҳоро дар дафтари ҶДММ «Азия-Сет», воқеъ дар кӯчаи Рудакӣ-85-и шаҳри Душанбе пинҳон намуда, баъдан як қисми онҳоро дар муҳлатҳои гуногун ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардааст.

Муфассал...

Дарёфт ва мусодираи силоҳу аслиҳаи оташфишон

Чоп PDF

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1994, № 2 “Дар бораи ба таври ихтиёрӣ супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи кормандони Хадамоти гумрук дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 5 ҳодисаи ошкор ва ихтиёран супоридани яроқи оташфишон ба қайд гирифта шудааст.

Чунончи: 29-уми июли соли 2016 дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ аз тарафи кормандони гумрук пинҳонгоҳ дарёфт карда шуд, ки аз дохилаш як адад тапончаи тамғаи «Макаров» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Муфассал...

Ошкор ва пешгирии воридоти ғайриқонунии маводи хӯрокворӣ

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтиқавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амлиёти гумрукӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи вилояти Суғд, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Раззоқ, аз ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Р. М. инчунин аз воситаи нақлиёти тамғаи «МАН» рақами қайди давлатиаш 14 82 ЕН 02 таҳти идораи шаҳрванд М. И. ба миқдори 2 ҳазору 9 20 қуттӣ 375 ҳазору 397 адад бо вазни умумии 3 ҳазору 312 килограмм маҳсулоти хӯрокӣ аз ҷумла: тамъхушкунанда, забурӯғҳои гуногун, консерваҳои аз моҳигӣ, уксус, шири хушк, қанди сафед, равғани зайтун, ҷуворимаккаи ширин, нахӯди сабз, шоколад, хамираи помидор, консерва аз гӯшти гов, нахӯди «Агростар», қаймоқи хушк, қайлаи қаламфурӣ, макарони «Смак», ҳалвои «Долино», консерваи бодирингӣ, хамиртурш, карамели «Рошен» ва ғайраҳо мавҷуд буд, дарёфт ва гирифта шуд.

Муфассал...

Қонуншиканӣ пешгирӣ карда шуд.

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амлиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз ҳавлии шаҳрванд Д. Н. воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати деҳоти Ғозиён маводи хӯрокворӣ аз қабили қанди навъи «Кармелкино», «Дюшес», «Бим- Бом»- и истеҳсоли Ҷумҳурии Украина, консерваҳои гӯштии истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон, равғани зайтуни истеҳсоли Туркия, нахӯди сабзи навъҳои «Агростар», «Экостар» ва «Экос»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Молдова, консерваҳои навъи «Сайра», ҷуворимаккаи ширини истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой, шпроти навъи «Голд»-и истеҳсоли Латвия, шоколади навъи «Вечер», қиёми шири навъи «Варёнка» ва консерваи гӯшти гӯсфанди истеҳсоли Россия ба миқдори зиёд дарёфт карда шуд.

Муфассал...

Боздошти нашъаҷаллоб бо 2 килограмму 594 грамм “ҳашиш”

Чоп PDF

27 сентябри соли 2016 аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон шаҳрванд А.Н. соли таваллудаш 1975 дастгир шуд.

Ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки шаҳрванд А.Н. даст ба ҷиноят зада, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шахсони ба мақомоти таҳқиқ номаълум бо мақсади ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол намудан ва ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъаовар машғул шудаанд.

Муфассал...

ШАРИКОН