CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

Criminal Summaries

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  215
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  704
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  467
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Events in customs

Кормандони Хадамоти гумрук ба курсҳои забони тоҷикӣ ҷалб гардиданд

22.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  93
Донишкадаи такмили ихтисос як воҳиди сохтории Хадамоти гумруки назди...
Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  800
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  777
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  876
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  790
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3255
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Сlimate

Calendar

August 2017
24
Thursday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday3284
mod_vvisit_counterYesterday7201
mod_vvisit_counterThis week21873
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days1766688

Official publication of Customs service

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Moscow

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор Расулов, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-бенс» рақами қайди давлатиаш 37 69 ДД 02, ки таҳти ронандагии шаҳрванд Б. С., қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиёти мазкур 2 ғалтак кабели баландшиддати тамғаи КЛ-10 КВ 3х150 ва КЛ-10 КВ 3х240 ба миқдори умумии 992 метр, 1 адад трансформатори тамғаи ТС-1000 КВА ва як зарфи пластмасии ғунҷоишаш 500 литра бо равғани трансформатори истеҳсоли Федератсияи Русия мавҷуд будааст.

Read more...

Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва» бағоҷи шаҳрванд А. Х., соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд.

Зимни аз назаргузаронӣ аз дохили халтачаи матогини хокистаранг 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Екатерина 2, соли бароришаш 1767, бо навиштаҷоти «пять копеек», 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1738, бо навиштаҷоти «ДЕНГА», 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1744, бо навиштаҷоти «ДЕНГА 1744», 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1751, бо навиштаҷоти «ДЕНГА 1751» 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1753, бо навиштаҷоти «ДЕНГА 1753» ва 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1879, бо навиштаҷоти «1879 года копъики» дарёфт карда гирифта шуд, ки номбурда тангаҳои қадимаро мехост, ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад.

Read more...

Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар роҳи мошингарди «Конибодом - Хуҷанд» воситаи нақлиётии тамғаи «Опел - Зафира» рақами қайди давлатиаш 05 77 СС 02 барои муоинаи гумрук боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумруки муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиётии мазкур ба миқдори 553 адад телефонҳои мобилии гуногуни тамғаи «Samsung Galaxy» мавҷуд будааст.

Read more...

Кушиши интиқоли ғайриқонунии 2 ҳазору 600 килограмм оҳанпора ба Афғонистон

Print PDF

Дар гумруки Панҷи Поён, ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии ду адад воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «МАН» рақамҳои қайди давлатиашон ТҶ 24 76 ЕЕ 01 ва ТҶ 83 06 СТ 01 таҳти идораи ронандагон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Н. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳ. С. аз зери халтаҳои семент бо вазни умумии 2 ҳазору 600 килограмм оҳанпораҳои фарсудашуда дарёфт карда шуд, ки номбурдагон мехостанд бидуни назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир намояд.

Read more...

Миқдори зиёди фурӯши арақи худсохт ошкор ва пешгири гардид

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванди П. А. соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ба фурӯш гузоштани арақи худсохт дастгир гардид.

Read more...

Оғози парвандаи ҷинояти барои иштирок дар задухӯрди мусаллаҳонаи Сурия

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, муайян карда шуд, ки шаҳрванд Т. Х. соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, аз рӯи маълумотҳои оперативӣ, тахминан моҳҳои сентябр ва октябри соли 2015 ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштанаш бо даъвати шахсони номаълум ба иттиҳодияи ҷиноятии Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, ҳамчун аъзои фаъоли гурӯҳҳои ифротгаройии террористии ҷамоати «Ансоруллоҳ» шомил шуда, тахминан моҳи июни соли 2016 тариқи пинҳонӣ ба давлати Туркия, сипас барои иштирок намудан дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафта, барзидди қувваҳои ҳукумати Сурия ширкат варзида истодааст.

Read more...

Ба ҷазои ҷинои кашидани намояндаи ҶДММ “Меҳр - 777” – барои қочоқ

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Дидбонгоҳи гумрукии "Фотеҳобод"- и гумруки Мастчоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, муайян карда шуд, ки шаҳрванд М. З. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд, ки моҳияти он қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи техникаи компютерӣ, иборат мебошад.

Read more...

Интиқоли ғайриқонунии мол ба маблағи 1 миллиону 411 ҳазор дар Исфара

Print PDF

Аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи назди сарҳадии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, муайян карда шуд, ки шаҳрванд А. И. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд, ки моҳияти он қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат мебошад.

Read more...

Боздошти маводҳои психотропӣ дар вилояти Хатлон

Print PDF

Санаи 17 – уми июли соли 2017 дар толори назорати гумрукии воситаҳои нақлиёти гумруки Панҷи - Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Дулон» рақами қайди давлатиаш ТҶ 36 - 14 ВК 01, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон истикоматкунандаи ноҳияи Вахш ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, Т. И., соли таваллудаш 1984 қарор дошт бо гумони ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани як қатор маводҳои доруворӣ аз ҷумла «Диазепам» мавриди боздошт қарор дода шуд.

Read more...

Интиқоли ғайриқонунии Қочоқи 2 миллиону 500 ҳазор рубли русӣ ошкор гардид

Print PDF

Санаи 17 - уми июли соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии бағоҷ ва бори дастии мусофирони хатсайри самти Душанбе – Москва, нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон М.А. соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ шубҳа пайдо гардида, дар ҳузури шахсони холис аз муоинаи шахсӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, аз бадани шаҳрванд М. А. 2 миллиону 500 ҳазор рубли русӣ бе пешниҳоди декларатсия ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дарёфт гардид.

Read more...

Ошкор ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои дорои арзишҳои таърихию фарҳангӣ

Print PDF

Санаи 6 - уми июли соли 2017 ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии бағоҷ ва бори дастии мусофирони хатсайри самти Душанбе – Екатеринбург, бағоҷи дастии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. С., соли таваллудаш 1991 дар ҳузури шахсони холис аз муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд.

Дар натиҷа, аз дохили бағоҷи дастии номбурда 30 адад тангаҳои рангашон сурху зарди гуногуншакл, ки гардишашон ба кишвари Русия ва давраҳои гуногун тааллуқ доштанд, дарёфт ва мусодира гардид.

Read more...

Қочоқи як адад трактори «Беларус 82.1» аз Русия ба Тоҷикистон

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе нақлиёти тамғаи «VOLVO F – 12 – 380 - 4х2» рақами қайди давлатиаш E 956 КН 159 бо ядакаш AН 518 159, бо 32 номгӯй молҳои истифодашуда ва як адад трактори «Беларус 82.1» боздошт карда шуд.

Молҳои мазкур ба шаҳрванд Х. Н., соли таваллудаш 1972 сокини вилояти Хатлон ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ тааллуқ дошта, ӯ санаи 5 - уми майи соли 2017 аз шаҳри Перми Федератсияи Русия тавассути Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

Read more...

Пешгирии қочоқи тангаи мисин дар фурудгоҳ

Print PDF

Санаи 18 - уми июни соли 2017 ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии бағоҷ ва бори дастии мусофирони хатсайри №201 - и самти Душанбе - Москва бағоҷи дастии шаҳрванди Федератсияи Русия Хужина Татяна Варисовна соли таввалудаш 1976 дар ҳузури шахсони холис аз муоинаи гумруки гузаронида шуд.

Дар натиҷа, аз дохили бағоҷи дастии номбурда як адад тангаи мисин, ки дар ду тарафи он навиштаҷотҳои «копьи ки. Е. М.» ва «1823г.» дошт дарёфт ва мусодира гардид.

Read more...

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

Print PDF

Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, кочоқи 20 ҳазор килограмм донаи зағири истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистонро дар шаҳри Исфара ошкор карданд.

Кормандони минтақавии гумрук дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратураи вилояти Суғд анбори собиқ корхонаи гаҷбарориро аз назорати гумрукӣ гузарониданд.

Read more...

Partnerships