ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
16
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз222
mod_vvisit_counterДирӯз5867
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18054
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90639
mod_vvisit_counterҲамарӯза3525555

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

Чоп PDF

Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар роҳи мошингарди самти Бобоҷон Ғафуров-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиёти тамғаи Мерседес Бенс-312, микроавтобуси рақами қайди давлатиаш 46 44 ЕК 02 таҳти ронандагии шаҳрванд Ҷ.Ҳ. соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Хистеварз қарор дошт, барои азназаргузаронии гумрукӣ боздошт карда шуд.

Муфассал...

Қочоқи асъори хориҷӣ

Чоп PDF

Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани бағоҷ ва мусофирони хатсайри 2920 самти «Хуҷанд - Красноярск» дар толори интизории мусофирони бинои марказии Фурудгоҳи байналмилаллии «Хуҷанд» кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бағоҷ ва бори дастии шаҳрванд М.Ш.,-ро аз муоинаи гумрукӣ гузарониданд. Дар натиҷа аз дохили бори дастии номбурда 110 адад купюраи 5000 ( панҷ ҳазор) ва 4 адад купюраи 1000 ( як ҳазор) рублии Бонки давлати Федератсияи Русия, ҷамъ 554000 ( панҷсаду панҷоҳ ҳазор ) рубли Бонки давлати Федератсия Русия даёфт ва гирифта шуд.


Муфассал...

Боздошти маҳсулоти қанодии “DOLLY” - и Ӯзбекистон дар Ҷаббор Расулов

Чоп PDF

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди деҳаи Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, воситаи нақлиёти тамғаи ДАМАС, рақами қайди давлатиаш 9643 ВК -ро барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдор 150 килограмм маҳсулоти қаннодии қанди наъви «DOLLY»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон ошкор гардид.

Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванд С.Қ. соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ноҳия Спитамен тааллуқ дорад.

Муфассал...

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

Чоп PDF

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ, шаҳрванд С.Т. соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, ки аз соли 2011 ба ҳайси роҳбари ҶДММ "Файзимоҳ" фаъолият карда, бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз 20-уми сентябри соли 2017 сар карда ба воситаи автомашинаҳои боркаши тамғаи "Долун" рақами қайди давлатиашон 52 26 В А 01, 28 43 ВХ 01 ва 61 87 ВС 01 аз Ҷумҳурии Мардумии Чин молу маҳсулотҳои ниёзи мардум, таҷҳизотҳои техникӣ, либосҳои гуногун, телевизор ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумруки вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст, боздошт намуданд.

Муфассал...

Ошкор ва пешгирии боз як «Долун»-и дигари ҶДММ «Сармад 2000»-ум бо вазни 23 тонна

Чоп PDF

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кочоқи боз 23 тонна молҳои ниёзи мардумро дар ҶДММ «Сармад 2000»-ум ошкор карданд.

Ин миқдор мол маблағи 1 миллиону 125 ҳазору 97 сомониро ташкил медиҳад.

Муфассал...

ШАРИКОН