ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  174
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  662
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  427
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  779
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  750
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  851
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  760
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3222
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3886
mod_vvisit_counterДирӯз5028
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8914
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1753729

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб, муовинон ва сардорони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук бо намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Муфассал...

ЭЪЛОН

Чоп PDF

Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 - уми сентябри соли 2011, таҳти №АП - 1719 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 нишасти матбуотӣ доир мегардад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сардори Хадамот Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовинон ва сардорони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук бо намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ доир ба ҷамъбасти соли 2016 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ибтидо Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар соли 2016 ба намояндагони Воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Муфассал...

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори Хадамот, муовинон ва сардорони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук бо намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Аз ҷониби Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2016 ба намояндагони Воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни нишаст намояндагони расонаҳои хабарӣ ба саволҳои худ оид ба фаъолияти ҳамаҷонибаи Хадамот ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

 

 

Муфассал...

Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

Чоп PDF

Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 дар самтҳои асосии фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Оиди дастовардҳо дар соли 2015 аз тарафи Сардори Хадамот гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб ахбороти муфассал пешниҳод гардида, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ оиди фаъолияти ҳамаҷонибаи Хадамот ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Муфассал...

Нишасти матбуотии Хадамот

Чоп PDF

Имруз дар толори Хадамоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамот, муовинон ва сардорони раёсатҳо нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ доир гардид. Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамот дар нимсолаи аввали соли 2015 баланд бардоштани сатҳи ҷаъмоварии пардохтҳои гумрукӣ, назорати самаранок аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, пурзур намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, назорати баъди барасмиятдарории гумрукию аудитӣ ва ба низом даровардани интизоми меҳнатии кормандонро самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти хизматӣ интихоб намуда буд ва оиди дастовардҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Сардори Хадамот генерал лейтенант Абдуфаттоҳи Ғоиб ахбороти муфассал пешниҳод гардид.

Муфассал...

Фаъолияти Гумрук дар се моҳи аввали соли 2015

Чоп PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 фаъолияти худро мутобиқи амру фармон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Муфассал...

Ҷамъбасти сол ва натиҷаҳои назарраси гумрук

Чоп PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 дар самтҳои асосии фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ Хадамот тамоми захираҳои ташкилию идоракуниро баҳри таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъовари пардохтҳои гумрукӣ, мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти суиистифода аз мансаб, ки ҳамчун самтҳои афзалиятнок интихоб гардида буданд, сафарбар намуд.

Муфассал...

Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

Чоп PDF

Имруз дар толори Хадамоти гумрук бо иштироки муовинон ва сардорони раёсатҳо нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ доир гардида, муовини аввали Сардори Хадамоти мазкур Неъматҷон Раҳматов доир ба фаъолияти Хадамот дар нимсолаи аввали соли 2014 маълумот дод.

Муфассал...

Ҷамъбасти нимсолаи 2014

Чоп PDF

Мутобиқи маълумоти омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2014 ба маблағи 2 891, 4 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 351,2 млн. доллар зиёд гардида 113,8%-ро ташкил додааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 2 373,1 млн. доллар ба воридот ва 518,2 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 воридот 446,9 млн. доллар зиёд гардида 123,2%-ро ташкил додааст.

Муфассал...

Фаъолияти Гумрук дар се моҳ

Чоп PDF

Имрӯз 15 апрели соли 2014 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2014 бо иштироки роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохтории хадамот ва намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар давраи ҳисоботӣ самт ба самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазъи тиҷорати хориҷӣ

Мутобиқи маълумоти омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми семоҳаи аввали соли 2014 ба маблағи 1 154, 0 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 55,9 млн. доллар кам гардида 95,4%-ро ташкил додааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 927,3 млн. доллар ба воридот ва 226,7 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 воридот 80,8 млн. доллар зиёд гардида 109,5%-ро ташкил додааст, содирот бошад 37,6% ё 136,8 млн. доллар кам гаштааст.

Муфассал...

Вазъи тиҷорати хориҷӣ дар давоми семоҳаи аввали соли 2014

Чоп PDF

Мутобиқи маълумоти омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми семоҳаи аввали соли 2014 ба маблағи 1 154, 0 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 927,3 млн. доллар ба воридот ва 226,7 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 воридот 80,8 млн. доллар зиёд гардида 109,5%-ро ташкил додааст.

Тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 602,1 млн. доллар ё 52,2% гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 131,6 млн. доллар зиёд гардидааст. Аз ин маблағ 85,9 млн. доллар ба содирот ва 516,2 млн. доллар ба воридот мансуб аст.

Муфассал...

Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти гумрук дар соли 2013

Чоп PDF

Мутобиқи маълумоти омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ба маблағи 5 301,2 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба соли 2012 ба маблағи 161,4 млн. доллар ё 3,1% зиёд мебошад.

Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти гумрук дар шаш моҳи аввали 2013

Чоп PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2013 фаъолияти худро дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳо, назорати самаранок аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, пурзӯр намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, назорати баъди барасмиятдарории гумрукию аудитӣ ва ба низом даровардани интизоми меҳнатии кормандон равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

 

ШАРИКОН