ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Апрел 2018
24
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1945
mod_vvisit_counterДирӯз2192
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4137
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3005682

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Парламент

БА ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОН САВОЛ ДИҲЕД. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар нашрияҳо «Равзанаи Парлумон» боз мекунад

Чоп PDF

Бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои мамлакат гӯшаи  роҳандозӣ мешавад, ки ҳадафи он пешгирӣ аз ҳангомасозиҳои иттилоотӣ  ва роҳ надодан ба нашри масъалагузориҳои таҳрикомез мебошад. Назар ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов, солҳои охир дар воситаҳои  ахбори омма, бахусус  рӯзномаҳои хусусию тиҷоратӣ масъалаҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, зимни  муҳокимаи онҳо муаллифон баъзан ба ҳангомасозӣ роҳ медиҳанд.

Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани гӯшаи мазкур ба унвони сармуҳаррирони рӯзномаҳо барои ҳамкории муштарак мактуби расмӣ  ирсол гардида, барои як давраи омӯзишӣ кори «Равзанаи Парлумон» дар нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки «Равзанаи Парлумон» нишонаи электронии худ- Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript -ро дошта, шаҳрвандон метавонанд аз тариқи ин почтаи электронӣ  ва телефонҳои 221-68-16, 221-13-78,  221-11 -43, 221-11-71 саволу дархостҳои худро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намоянд.

Муфассал...

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд

Чоп PDF

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

Дар мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

Муфассал...

ШАРИКОН