ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
25
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4232
mod_vvisit_counterДирӯз7362
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4232
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3380006

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ

Фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар соли 2016

Чоп PDF

Бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои мавҷуда, мақомоти гумрук дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор додани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, гузаронидани муоинаи гумрукии моли воридгардида, дуруст муайян намудани рамзи мол, ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон, пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоннок кардани назорати баъди барасмиятдарории гумрукиро пурзӯр намуда, чораҳои муассир андешида истодааст.

Маҳз натиҷаи чораҳои андешида буд, ки новобаста аз 18,2 фоиз коҳиш ёфтани воридоти молҳои андозбандишаванда, нисбатан зиёд шудани татбиқи имтиёзҳои тарифию гумрукӣ ба андозаи 2,9 фоиз ва ба андозаи 3,2 фоиз афзоиш ёфтани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 фарқияти пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда ба қадри 207,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар натиҷаи фаъол гардонидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук дар маҷмӯъ 2060 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 93 047,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуд. Аз маблағи ошкоргардида, 36 945,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуда, маводҳои санҷиш бо маблағи зарари молиявӣ ба андозаи 32964,7 ҳазор сомонӣ барои чораҷӯӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Муфассал...

ШАРИКОН