ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  406
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани...
Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

15.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  837
Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ...
Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

13.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  549
Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  421
Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди...
Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

02.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  734
2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди...
Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

01.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  718
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

26.01.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  788
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3542
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3305
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...

Боду ҳаво

Тақвим

Феврал 2018
26
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3526
mod_vvisit_counterДирӯз4384
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта35186
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2761621

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашнвораҳо

Қадрдонии Хуршед Каримзода аз бонувони Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, имрӯз 7- уми марти соли 2016 бонувони Хадамотро бо иди модарон табрику таҳният гуфт.

«Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан- модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад» - ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунад Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Муфассал...

Чоп PDF

Ба ӯҳдаи зан-модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рӯзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок-тарбияи инсони нав ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шавқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ, қудрати созандагию офаридгорӣ гузошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон


Табрикоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб, ба муносибати
Рӯзи байналхалқии занон — 8 март


Зан симои барҷастаи ҳаёт ва нерӯи тавонои он буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату сабурии худ чун шамс ҳамеша мунавваркунандаи қалбҳост. Ӯ на танҳо пояи устувори зиндагӣ ва такягоҳи мардон, балки пешбарандаи асосии ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар низ мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мақому манзалати зани тоҷик боло рафта ва занҳо низ қатори мардон дар ҳама ташкилоту муассисаҳо чӣ дар мақомоти сарварӣ ва чӣ дар зинаҳои поёнӣ вазифаҳои ба дӯш доштаашонро сарбаландона иҷро менамоянду аз ӯҳдаи иҷрои он мебароянд.

Лозим ба ёдоварист, ки феълан дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 нафар занон ифои вазифа доранд ва баҳри амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар баробари мардон талош меварзанд. Ва бешак дурахши ситораи сари китфи онҳо далели ин гуфтаҳост.

Модари шарафманду пурғурури тоҷик ҳамеша толиби сулҳ аст, аз ин рӯ, ман боварии комил дорам, ки ӯ барои гулгулшукуфӣ ва пойдории сулҳ ҳамеша саҳмгузор хоҳад буд. Ва занони баору номуси мо доимо ҳидоятгари корҳои нек ба ҷавондухтарону наврасон мешаванд.

Бо истифода аз фурсат тамоми модарон, хоҳарон ва духтарони азизро бо ин ҷашни пуршукуҳ, Рӯзи байналхалқии занон- рўзи модар таҳният мегӯям. Ба ҳар яки шумо барои хизматҳои софдилонаатон баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз комёбиҳои беназир орзумандам.

Итминони комил дорам, ки бо дастгирию мусоидати бошууронаи шумо кишвари азизу ободамон Тоҷикистон боз ҳам зеботар мегардад.

Идатон муборак, модарон ва хоҳарони азиз!

Самимитар аз муҳаббати модари муҳаббате нест

Чоп PDF

Аз Абуабдуллоҳ (р) ривоят шудааст, ки гуфт: Шахсе ба ҳузури Паёмбари гиромӣ (с) расид ва аз боби некӣ ба падару модар пурсиш намуд. Он Ҳазрат фармуд: Ба модарат некӣ кун, ба модарат некӣ кун, ба модарат некӣ кун! Сипас афзуд: Ба падарат низ некӣ кун.

Модар бузургтарин шахс дар зиндагии ҳар як инсон аст. Ман бениҳоят шодам, ки 8 март бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари офтобрӯяи мо чун Рӯзи Модар, рӯзи бузургдошти инсоне, ки офаранда аст, таҷлил мегардад.

Муфассал...

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!»-ҳамоиши гумрукчиён

Чоп PDF

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун иди миллӣ бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳайати шахсии кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд дар арафаи таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсенти кафедраи таърих ва ҳуқуқ Сафар Эркаев вохӯрӣ доир намуданд.

Муфассал...

Ҳамкасбони азиз!

Чоп PDF

Шуморо ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ, ҷашни фархундагиву сарбаландӣ, рӯзи озодиву хештаншиносӣ, оғози шукуфоиву ободӣ, азми созандагиву бунёдкорӣ, таъмини комили фазои орому осуда дар кишвар, заминаи рушду тараққиёт ва пешрафту шукуфоӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, ки дар ҷаҳон назир надорад, самимона табрик намуда, бароятон тандурӯстиву хушбахтӣ ва дар корҳои муҳими давлатӣ барору комёбӣ таманно дорем.

Муфассал...

ШАРИКОН