ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
19
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2369
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта7996
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3332154

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Суханрониҳо

Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

Чоп PDF

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумон ва ҷанобон,

Мо ба ин сафар аҳамияти калон медиҳем.

Мо натиҷаҳои онро бисёр мусбат ва самарабахш меҳисобем.

Ҷонибҳо як қатор ҳуҷчатҳои дуҷонибаи тақозои замонро, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи мутақобилаи моро мукаммалтар сохтанд, ба имзо расониданд.

Онҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи мо дар сиғаи стратегӣ густариш дода шавад.

Соли равон ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо бисту панҷ сол пур шуд.

Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо таҷрибаи бузурги ҳамкории созандаро дар шароити нави соҳибистиқлолӣ ба даст оварданд.

Бо такя ба ин таҷриба, мо ният дорем, ки минбаъд тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро ба манфиати мардумони ду кишвар ва умуман минтақа густариш диҳем.

Ба масъалаи таҳкими шарикии стратегии мамлакатҳоямон мо ҳамеша аҳамияти афзалиятнок медиҳем.

Муфассал...

Суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ» ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Чоп PDF

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Мирамонович!
Муҳтарам зиёиён ва намояндагони фарҳангу санъати кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои бисёр фараҳбахш сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дӯсти арҷманд ва бародари гиромӣ — Шавкат Мирамонович Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Ҷаноби Олӣ саломативу сарфарозӣ ва ба халқи дӯсту бародари ӯзбек сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва зиндагии пурсаодат орзу менамоям.

Ҷаноби олийлари, Ӯзбекистон Республикаси Президенти, муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромонович!

Муфассал...

Изҳороти матбуотӣ пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Чоп PDF

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,

Мулоқоти имрӯзаи мо дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Шарипович Жээнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Мо дар заминаи принсипҳои бунёдии ҳамҷавории нек ва ҳамсони манфиатҳо тамоми маҷмӯи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намудем.

Боиси зикр аст, ки сафари муҳтарам Сооронбой Шарипович дар соли таҷлили 25-умин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон сурат мегирад.

Тайи ин давра муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамаи самтҳои калидии ҳамкорӣ тамоюли мусбати рушдро соҳиб гардид.

Барои тақвияти минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, дар масъалаҳои амниятӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн заминаҳои ҷиддӣ фароҳам оварда шудаанд.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии устувори муносибатҳои дуҷониба, ки беш аз 85 ҳуҷҷатро ташкил медиҳад, фароҳам гардидааст.

Механизмҳои зарурии дуҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ташкил шудаанд.

Муфассал...

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Чоп PDF

Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки дар натиҷаи сафари давлатии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович ба кишварамон мо ба ҳалли таърихии маҷмӯи масъалаҳои муҳими дуҷонибаи рӯзномаамон расидем.

Суҳбати созанда ва муфассал оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди онҳо дар фазои комилан ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокирот мо бастаи муҳими санадҳои дуҷонибаро, ки тақрибан аз 30 созишнома иборат мебошанд ва аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, ба имзо расонидем.

Муфассал...

Суханронии ҷамъбастӣ дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Чоп PDF

Муҳтарам ширкаткунандагони ҷаласа!
Ҳозирини гиромӣ!

Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки аз таъсиси он даҳ сол сипарӣ гардид, имрӯз ба майдони муколамаи воқеан озоду самараноки давлат ва бахши хусусӣ табдил ёфтааст.

Тайи ин муддат тавассути шӯро дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ислоҳоти зиёд амалӣ гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти бахши хусусӣ қарорҳои дахлдори шӯро ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Аз ҷумла, таҳия ва татбиқи Барномаи «Беҳбуди фазои сармоягузорӣ – 200 рӯзи ислоҳот» ва дар заминаи он таъсис ёфтани “Равзанаи ягона” барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, соддагардонии низоми иҷозатдиҳӣ, ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ се маротиба эълон гардидани мораторий, қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба конвенсияҳо оид ба судҳои арбитражии хориҷӣ ва апостил, таъсиси рейтинги соҳибихтиёрии кредитии Тоҷикистон дастовардҳои назарраси шӯро маҳсуб меёбанд.

Муфассал...

ШАРИКОН