ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
18
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2689
mod_vvisit_counterДирӯз7599
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта35398
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3542899

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Суханрониҳо

Суханронӣ дар ифтитоҳи 16-умин Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC)

Чоп PDF
27.10.2017 09:50, шаҳри Душанбе

Муҳтарам ҷаноби Накао!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Ҳозирини гиромӣ!

Ташрифи шуморо ба ҷаласаи шонздаҳуми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи шумо фаъолияти пурсамар орзу менамоям.

Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарияти ҳамаи давлатҳо, ташкилоту созмонҳо ва шахсоне, ки мусоидати худро барои татбиқи барномаи мазкур дареғ надоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Дар Осиёи Марказӣ таҷрибаи бузурги ҳамкориҳои судманд ва самарабахши байни кишварҳои минтақа андӯхта шудааст.

Кишварҳои минтақаи моро на танҳо сарҳадоти умумӣ, балки анъанаҳои куҳани тиҷоратӣ, ки аз даврони Роҳи Бузурги Абрешим сарчашма мегиранд, мепайванданд.

Анъанаҳо ва низоми тиҷоратие, ки дар тӯли таърих тавассути ин роҳ ташаккул ёфтаанд, дар замони муосир низ аҳаммияти худро гум накардаанд ва минтақаро аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофиву иқтисодӣ барои кишварҳои сайёра ҷолиб мегардонанд.

Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ маҳз бо дарназардошти афзалиятҳои минтақа барои ташаккули низоми шарикии байни кишварҳо ва рушди стратегияи иқтисодии он, ки имрӯзҳо дар марҳалаи таҷдид қарор дорад, нигаронида шудааст.

Дар доираи ҳавзаи давлатҳои барнома Осиёи Марказӣ дорои бозори 70 миллион нафар истеъмолкунанда буда, соҳаҳои иқтисодии кишварҳо бо ҳам алоқамандӣ доранд, ки ин омил заминаи муфиди ҳамкориро фароҳам овардааст.

Вале савдои байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар маҷмӯъ, 10 фоизи гардиши савдои умумии ин кишварҳоро ташкил медиҳад, ки ин хеле кам аст.

Муфассал...

Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ

Чоп PDF
14.10.2017 09:41, шаҳри Душанбе

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям.

Дар ин толор, ҳамчунин, соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ низ ҳузур доранд, ки ман ба ҳар яки онҳо барои ҳамкорӣ ва саҳми арзишмандашон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барори кор мехоҳам.

Дар мулоқоти қаблии мо масъалаҳои вобаста ба рушди соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи босамари чорабиниҳо доир ба дастгирии соҳибкорӣ ва ислоҳоти низоми идоракунӣ баррасӣ гардида буданд.

Дар натиҷа аз соли 2015 то ба имрӯз дар кишвар 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил карда шуд, ки аз онҳо 80 корхонаи муштарак бо фонди оинномавии беш аз 800 миллион сомонӣ мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли беш аз 35 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шуд.

Муфассал...

Суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Чоп PDF

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми бостониву тамаддунсози тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае доранд, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳ ва арзиши худро гум накарда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ то ба замони мо расидаанд.

Сокинони ин сарзамини фарҳангдӯсту адабпарвар маросиму ойинҳояшонро на танҳо ҳифз кардаву гиромӣ доштаанд, балки дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти худ ба онҳо мазмуни нав ва сифатҳои башардӯстона зам намуда, беҳтаринашонро то даврони мо ба мерос гузоштаанд, ки нигоҳдориву арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи ҳар як фарди соҳибватан мебошад.

Баъди ба даст овардани истиқлолият ва озодӣ халқи мо ҳимояи ин мероси миллиро яке аз вазифаҳои муҳимми худ эътироф карда, ба фарҳанги миллӣ, суннату анъанаҳо ва ҷашну ойинҳои мардумӣ умри дубора бахшид.

Дар ин замина, мо истиқлолияти давлатиро ҳамчун рамзи озодиву соҳибихтиёрии кишварамон ба муқаддастарин ҷашни сиёсиву фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории миллиамон табдил додем.

Муфассал...

Суханронӣ дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

Чоп PDF

Ҷаноби Олӣ Аҳмад Абулғайт, Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама, ташрифи шуморо ба сарзамини бостонии тоҷикон хайрамақдам гуфта, ба иштирокдорони чорабинии имрӯза барори кор орзу мекунам.

Се сол пеш дар Риёз нахустин иҷлоси Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он Эъломияи Риёз қабул карда шуд.

Ҳамзамон бо ин, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон ва санади алоҳидаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ба имзо расида буд.

Санадҳои мазкур зербинои ҳамкориҳои моро тақвият бахшида, дурнамои густариши муносибатҳо, ҳадафҳо ва самтҳои шарикии моро муайян месозанд.

Мо таъсис ёфтани Форумро ба ҳайси воситаи муҳимми ҳамкорӣ ва иқдоми дорои аҳаммияти хосса мешуморем.

Муфассал...

Вохӯрии Сарвари давлат бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Чоп PDF

Санаи 25 сентябри соли 2015 дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба 122 нафар сарбозон ва шаҳрвандон, ки хизмати содиқона ва ҷонфидоӣ кардаанд, мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, Ордени Спитемен дараҷаҳои 1 ва 2, Ордени Шараф, медали Ҷасорат, рутбаҳои навбатӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Муфассал...

ШАРИКОН