ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  36
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  86
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  401
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  351
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  411
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1872
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1756
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4353
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1620
mod_vvisit_counterДирӯз8579
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта43664
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2170889

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Ҷавони соҳибмақом

Чоп PDF

Бо такя ба пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017 - умро Соли ҷавонон эълон намудаанд, бо дастгирии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук як қатор ҷавонони болаёқат ба корҳои сарварӣ ҷалб гардидаанд.

Аз ҷумла, сардори гумруки “Дӯстӣ” - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Далер Давлатов аз зумраи онҳост.

Номбурда соли 2009 баъд аз хатми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон бо ихтисоси андоз ва андозбандӣ, барои идомаи таҳсил ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, ба сифати ҳуқуқшинос соҳиби маълумоти олии дуюм гардид.

Далер Давлатов фаъолияти кории худро ба сифати нозири шӯъбаи омори гумрукии Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшид. Дар давоми фаъолияти худ дар мақомоти гумрук дарк намуд, ки барои сазовор гардидан ба комёбиҳо ва гумрукчии асил шудан, азхудгузаштанҳо мебояд. Зеро, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифтан кори саҳлу осон нест. Дарки ин маънӣ ӯро роҳбалад гашт, то ба фатҳи қуллаи мурод комёб бигардад.

Натиҷаҳои назарраси бадастовардаш Далер Давлатовро дар муддати кӯтоҳ миёни ҳамкорон соҳибобрӯ гардонид. Муваффақиятҳои ӯро Роҳбарияти Хадамоти гумрук ба инобат гирифта, вазифаҳои нозири шӯъбаи ташкили мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, сарнозири шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, муовини дидбонгоҳи гумрукии “Душанбе - 1” - и Раёсати минтақавии гум- рукӣ дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, сардори дидбонгоҳи гумрукии “Дӯстӣ” - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ва билохира аз 1 - уми декабри соли 2016 вазифаи сардори гумруки “Дӯстӣ” - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзодаро ба зиммааш гузоштанд.

Тавре зимни суҳбат Далер Давлатов бо кормандони маҷаллаи “Гумрук” иброз намуд, - “Дар арафаи ҷашни 25 солагии мақомоти гумрук дар Терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ дар назди гумруки «Дӯстӣ» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ҶДММ “Терминали Дӯстӣ” дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Муфассал...

Созандагони Ватан

Чоп PDF

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 - юми декабри соли 2016 ироа гардида буд, соли 2017 - ро соли ҷавонон эълон намуданд.

Президенти кишвар зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки ҷавонон бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикис- тони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу СОЛИ 2017 - СОЛИ ҶАВОНОН “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо пайваста кӯшиш дорад.

Муфассал...

ШАРИКОН