ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
19
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2335
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта7962
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3332120

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Вохӯриҳо

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF

Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Муфассал...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон

Чоп PDF

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯро барои ташрифашон ба сарзамини  меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки боздиди аввалини расмии роҳбари кишвари дӯст ба ҳайси Президент дар соли таҷлил аз 25 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ сурат мегирад ва имкон аст, ки зимни ин сафар бо кӯшишҳои муштарак, муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд.

Муфассал...

Мулоқот бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз

Чоп PDF

Имрӯз дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ арзишманд арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва дигар кишварҳои олами араб аҳамияти зарурӣ дода мешавад ва муносибатҳои гуногунҷанба бо ин давлатҳо самти муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо ба густариши равобити байнипарлумонӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, муҳимияти рушду тавсеаи ин муносибатҳоро барои омодасозии заминаи ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷабҳа, аз ҷумла дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъкид доштанд.

Муфассал...

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон

Чоп PDF

1 феврали соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Муфассал...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун

Чоп PDF

10 декабри соли 2017 нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Ал Ҳуссайния оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сурат гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба анҷом расид.

Баррасии маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Урдун дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеъи расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати ҷониби Урдун ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Муфассал...

ШАРИКОН