ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
17
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4924
mod_vvisit_counterДирӯз7277
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта30034
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3537535

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Сафарҳои дохилӣ

Боздид аз мамнуъгоҳи “Хуталон” дар ноҳияи Данғара

Чоп PDF

1 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Хуталон” бо вазъи ин мамнуъгоҳ шинос шуданд.

Масоҳати заминҳои мамнуъгоҳи “Хуталон” 6 ҳазор гектарро ташкил дода, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо паррандагону чорвои нодир, аз қабили “оҳуи холдор”, “уреал-гусфанди куҳии бухороӣ”, “муфлон” ва аз паррандагон бошад, асосан “тазарв” парвариш меёбад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, говазни бухороӣ, хуки ваҳшӣ ва мурғи тазарв” қарори махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари чорво ва паррандагони нодир, ки ба китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.

Муфассал...

Ифтитоҳи Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Чоп PDF

31 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд “Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ ва огоҳкунии шуъояш баланд мутобиқ ба талаботҳои дараҷаи якуми “ИКАО” - Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ бо маблағи умумии 26 миллион сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сохта шудааст.

Муфассал...

Ифтитоҳи биноҳои наву замонавии меҳмонхонаҳо дар Осоишгоҳи “Баҳористон”

Чоп PDF

Шоми рӯзи 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот - меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд.

Пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар худи осоишгоҳ истеҳсолшавандаро муаррифӣ карданд.

Тавре маълум гардид, барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштамъи табиӣ дар хоҷагии ёрирасон ва коргоҳҳои он маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, нонӣ, консерваю афшураҳо ва шириниҳо таёр карда мешавад.

Муфассал...

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар дар вилояти Суғд

Чоп PDF

30 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи махсус, ки дар он парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор адад моҳии навъи «амури сафед»-ро барои афзоиши ин зоти фоидаовар сар доданд.

Масоҳати кӯли сунъӣ қариб 5 гектарро ташкил дода, аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин ҷо барои нигоҳдории даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва моҳии «карп» имконият фароҳам оварда шудааст.

Муфассал...

Иштирок дар оғози кишти пахта бо усули зерипардагӣ дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев

Чоп PDF

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд.

Тавре маълум гашт, ҷамъияти мазкур ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия ба шумор меравад.

Аҳли заҳмат ба муносибати ташрифи Пешвои миллат намоиши маҳсули дастранҷи худро доир намуданд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти соҳа иборат буд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев асосан ба парвариши пахта машғул буда, дар он заминҳои корами он ғалладонагӣ ва сабзавот низ кишт карда мешавад. Ҳамчунин ҷамъияти мазкур дар масоҳати 603,55 гектар замин боғ бунёд намудааст, ки  феълан нашъунамои хуб дорад.

Муфассал...

ШАРИКОН