ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
17
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4907
mod_vvisit_counterДирӯз7277
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта30017
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3537518

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Сафарҳои дохилӣ

Тақдими тӯҳфаҳо ва ташкили дастархони идона барои 150 нафар ятими кул дар шаҳри Хуҷанд

Чоп PDF

Имрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, ба фарорасии ҷашни зебои эҳёи табиат- Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Муфассал...

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли орд дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

Чоп PDF

Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.

Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ “Анҳор” намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд. Дар ин ҷо аксаран коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯи истеҳсолот, ки дар ҳудуди вилояти Суғд тавлид меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба иқтидори саноатии вилоят ва рағбати соҳибкорони маҳаллӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муфассал...

Иштирок дар тантанаҳои идона дар Наврӯзгоҳи пойтахт

Чоп PDF

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи наврӯзӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикри хос аст, ки сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард.

Муфассал...

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд

Чоп PDF

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашни ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд-ҷавонон, аҳли илму фарҳангу адаб ва зиёиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну рӯҳияи болида ва фазои шукӯҳманди наврӯзи пазироӣ намуданд.

Гурӯҳи ҷавонон, духтарони атласу адрасбабар бо иҷрои суннатҳои Наврӯзи аҷдодӣ, шукргузорию ифтихори хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум намуданд, ки таҷассумгару ифодагари пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Сугд шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Муфассал...

Ифтитоҳи иншооти фароғатии “Дунёи афсона” дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”

Чоп PDF

Нимаи дуюми рӯзи 19 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иншооти фароғатии "Дунёи афсона" - ро барои кӯдакони хуштолеъи кишвар мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи маҷмааи "Дунёи афсона" - ро Корхонаи Воҳиди Давлатии “Лоиҳакаш” - и шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” таҳия карда, онро дар майдони 2,5 гектар бунёд карданд.

“Дунёи афсона” дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.

Муфассал...

ШАРИКОН