ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
20
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5722
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта11349
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3335507

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Сафарҳои хориҷӣ

Истиқбол дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Чоп PDF

14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Остона - пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Чоп PDF

26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба шаҳри Москва омаданд.

Мубодилаи афкори озоди сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаро гирифт.

Дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо дар фазои ҳусни эътимод вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муфассал...

Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

Чоп PDF

Дар доираи сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор мавзеъҳои қадимаву таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

Урдун кишварест дар Ховари Миёна, ки аз шимол бо Сурия аз шимолу шарқ бо Ироқ, аз шарқу ҷануб бо Арабистони Саудӣ ва аз ғарб бо Исроил ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Урдун шаҳри Аммон аст ва шоҳигарӣ аз 12 музофот - Аҷлун, Ақаба, Уммон, Ҷераш, Ирбид, Маан, Мадаба, аз-Зарқа, ал-Балқа, ал-Қарак, ал-Мафрак, ат-Тафила иборат мебошад.

Аммон пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун таърихи хеле қадима дошта, асосан аз мавзеъҳои таърихӣ, иншооти гуногуни қадима ва манзараҳои барои сайёҳон тамошобоб иборат аст. Шаҳри Аммон соли 1949 пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун эълон гардид, вале таъсиси он ба 7 ҳазор сол пеш аз милод рост меояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аммон Қалъаи Ситадел, Осорхонаи Урдун, маконҳои таърихии шаҳри қадимаи Петра, Баҳри мурда ва соҳили ғарбии руди Урдунро тамошо карданд.

Муфассал...

Мулоқот бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз

Чоп PDF

Имрӯз дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ арзишманд арзёбӣ гардид.

Муфассал...

ШАРИКОН