Қочоқи 480 адад телефонҳои мобилӣ ошкор гардид

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи вилояти Суғд анбори ҶДММ «Роҳи Сомон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шуд.

Дар вақти санҷиш аз дохили анбори мазкур ба миқдори 480 адад телефонҳои мобилии тамғаи «Samsung SM-B350E», ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шудааст, дарёфт гардид.

 

 

Муайян шуд, ки ин миқдор мол ба шахсони муайяннашуда бо номи «Идибек» ва «Диёр» тааллуқ дошта, бо маслиҳати пешакӣ шахсони номбурда ин миқдор телефони мобилиро бо воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Вектра» бо рақами қайди давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудаанд.

Моли дар боло зикргардидаро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳрванд Ачилов Акпарҷон, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз «Идибек» ном шахс қабул намуда дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дар анбораш пинҳон намудааст.

Мувофиқи хулосаи Филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии ин миқдор молҳо 160 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шахсони муайяннашуда бо номи «Идибек» ва «Диёр» парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru